Имсол барои мардуми шарифи Тоҷикистон ва миллати сарбаланди тоҷик соли таърихиву хотирмон ва пур аз дастовардҳо мебошад. Имсол аз таъсиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон 30 сол пур мешавад. Имрӯз, 18-уми декабри соли 2024 ба ин муносибат дар Маҷмааи давлатии “Кохи Борбад”-и шаҳри Душанбе Анҷумани 15-уми Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо иштироки Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор гардид, ки Ректори Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав, профессор Қурбонзода Маҳмадалӣ Раҳмат аъзои Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон интихоб шуданд.
Ҳайати профессорону устодон ва кормандону донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав ба аъзои КИМ ҲХДТ интихоб шудани, Ректори донишгоҳ, профессор М.Р. Қурбонзодаро самимона шодбош гуфта, комёбиҳои навин ва сарбаландӣ дар иҷроияи вазифаҳои пурмасъулияташ орзумандем.