Имрӯз, 20 – уми декабри соли ҷорӣ дар факултети химия ва биологияи Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав конференсияи ҷамъбастии таҷрибаомӯзии педагогӣ ва таълимӣ, истеҳсолӣ баргузор гардид.
Дар конференсияи таҷрибаомӯзии педагогӣ,мудири таҷрибаомӯзии донишгоҳ Ҳасанов Шӯҳрат, роҳбари таҷрибаомӯзии педагогӣ Холматов Саид, Наҷмиддинов Давлатмурод, декани факултет Ятимов Парвиз, Мудири кафедраи химияи органикӣ ва биологи Ғафуров Бобомурод, роҳбарони таҷрибаомӯзии педагогӣ истеҳсолӣ ва мушовирон таҷрибаомӯзӣ иштирок намуданд.
Нахуст, декани факултет Ятимов Парвиз суханрони намуда, иброз дошт, ки донишҷӯёни факултет аз таҷрибаомӯзии педагогию истеҳсолирр ҷамъбаст намуда имрӯз маҳсули фаъолияти таҷрибавии хешро ба устодон нишон медиҳанд.
Ин аст, ки таҷрибаомӯзӣ барои ояндаи фаъолияти кории донишҷӯён мусоидат хоҳад кард.
Мудири таҷрибаомӯзии донишгоҳ Ҳасанов Шуҳрат зимни баромади худ ёдовар гардид, ки фаъолмандии донишҷӯён дар ҷараёни таҷрибаомӯзӣ нишон медиҳад, ки ояндаи худро бояд дар рафти таҷрибаомӯхтан сохт. Малакаю маҳорати омӯзгорони донишгоҳ собит менамояд, ки мутахассисони баландихтисосро дар самтҳои гуногун омода месозанд.
Дар идома донишҷӯён аз ҷараёни таҷрибаомӯзӣ маҳсули заҳматҳои худро ба маркази тамошо гузоштанд. Аз он роҳбарони таҷрибаомӯзӣ ва дигар устодон дидан намуданд.
Дар охир устодон ва аъзёни раёсат баҳри пешрафти кори педагогию истеҳсолии онҳо тавсияҳои судманд доданд.