Имрӯз дар факултети педагогика ва варзиши Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав ҷамъбасти таҷрибаомӯзии педагогии донишҷӯён баргузор гардид.
Дар конференсияи ҷамъбастии таҷрибаомӯзӣ, мудири шуъбаи таҷрибаомӯзии донишгоҳ Ҳасанов Шуҳрат, декани факултет Хуҷазода Умед, роҳбари таҷрибаомӯзии факултет Сафаралӣ А. мудири кафедраи тарбияи ҷисмонӣ ва омодагии дифои ҳарбӣ Шарипов Ҳ. омӯзгори кафедраи МТИ Турахонов С. ва дигар мушовирони фаннӣ ва устодону донишҷӯён иштирок доштанд. Сараввал декани факултет Хуҷазода У. баромад намуда, иброз доштанд, ки таҷрибаомӯзии педагогӣ ба Шумо донишҷӯён имкон медиҳад, ки донишҳои назариявии худро дар амал татбиқ намоед. Ҳамзамон Мудири шуъбаи таҷрибаомӯзии донишгоҳ Ҳасанов Шуҳрат низ дар баромади хеш аз раванди таҷрибаомӯзӣ ва фаъолияти касби омӯзгорӣ сухан намуданд.
Дар фарҷоми конференсия, донишҷӯён айёниятҳои дарсии худро, ки дар муассисаҳои таълимии шаҳри Бохтар омода намуда буданд ба намоиш гузоштанд. Дар маҷмуъ, натиҷаи ҷамъбасти таҷрибаомӯзӣ қаноатбахш арзёбӣ шуд.