Дар кафедраи сиёсатшиносӣ ва муносибатҳои байналхалқии факултети сиёсат ва идораи давлати Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав маҳфили “Дунёи сиёсат” баргузор гардид.
Дар он мудири кафедраи сиёсатшиносӣ ва муносибатҳои байналхалқӣ профессор Саидов А.С., омӯзгорон Абдулқодирзода А.М., Саидзода Д.С. Раҷабализода С.Р., ва дигар устодону донишҷӯён иштирок намуданд.
Роҳбари маҳфил омӯзгор Сафарзода Ҷ.М., ҳозиринро ба маҳфили навбатӣ шодбош намуда, рӯзномаи маҳифл ва маърӯзачиёнро шинос намуд.
Сипас, мудири кафедраи сиёсатшиносӣ ва муносибатҳои байналхалқӣ, профессор Саидов А.С. суханрони намуда, иброз дошт, ки маҳфил барои рушди зеҳнияти донишҷӯён ва такмили андешаронии онҳо мусоида хоҳад кард. Инчунин дар оянда дар самти таҳиқиқи кори илмӣ заминаест, ки роҳи таҳлил намудани афори сиёсии онҳоро васеъ менамояд.
Дар идома донишҷӯёни курси сеюми ихтисоси сиёсат ва идораи давлатӣ дар мавзуҳои “Амнияти миллӣ ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ” ва “Идеяи миллӣ ва зарурати он дар раванди ташаккули давлатдории миллӣ” маърӯза намуданд.
Дар охир устодон роҷеъ ба маърӯзаҳои донишҷӯён назару таклифҳои хешро баён намуда, донишҷӯён низ ба саволҳои пешниҳодгардидаи худ ҷавобҳои мушаххаси илмӣ гирифтанд.