Дар толори Раёсати фарҳанги вилояти Хатлон конференсияи ҳисоботии раиси Созмони Хатлонии Иттифоқи журналистони Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар конференсияи мазкур Раиси иттифоқи журналистони Тоҷикистон, номзади илмҳои филологӣ Зиннатуллоҳ Исмоилзода, роҳбари бахши вилоятии иттифоқи мазкур Сафарзода Асалмоҳ, мудири шуъбаи таҳлилӣ-иттилоотии дастгоҳи раиси вилояти Хатлон Ҷаҳонгиршоҳ Рустамшоҳ, роҳбарони идораҳои рӯзномаву маҷаллаҳо, шабакаҳои телевизиониву радиоӣ, собиқадорони соҳа ва дигар аъзои ИЖ Тоҷикистон, бахусус устодони Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав, аз ҷумла доктори илмҳои филологӣ, профессор Тағаймуродов Рустам, номзадҳои илми филология, дотсентон Аҳмадов Сафармад, Маҳкамзода Дилором, Шарипов Сангимурод, Муҳаббат Маҳмадалиева, Муродов Алишер ва сардори Маркази таҳлилӣ-иттилоотии донишгоҳ Назаров Умед иштирок намуданд.
Сараввал роҳбари бахши Хатлонии ИЖ Тоҷикистон Сафарзода Асалмоҳ роҷеъ ба чорабиниву тадбирҳои амалишуда дар давраи ҳисоботӣ маълумот дода, зикр кард, ки ИЖ Тоҷикистон дар ҳамбастагӣ бо ДДБ ба номи Носири Хусрав як силсила конфронсу мизҳои мудавварро гузаронид, ки дар он масъалаҳои муҳимми соҳа баррасӣ шуданд.
Сипас, мудири кафедраи рӯзноманигории ДДБ ба номи Носири Хусрав, номзади илмҳои филологӣ, дотсент Шарипов Сангимурод низ аз робитаҳо бо ИЖ Тоҷикистон сухан намуда гуфт, ки 20 нафар устодони донишгоҳ аъзои ИЖ Тоҷикистон буда, дар баробари тарбияи мутахассисони соҳа ба инъикоси дастовардҳои Истиқлоли давлатӣ ва ҳифзи арзишҳои миллӣ фаъолият доранд.
Дар охири конференсияи ҳисоботӣ раиси ИЖ Тоҷикистон Зиннатуллоҳ Исмоилзода бори дигар ба Раёсати Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав барои ҳамкориҳо ҷиҳати ташкилу баргузории конференсияву мизҳои мудаввар изҳори сипос намуда, гуфт, ки бовар дорем ин робитаҳо боз ҳам дар оянда таҳким меёбанд.
Қайд намудан зарур аст, ки хатмкунандагони ихтисосҳои рӯзноманигорӣ (аз рӯйи самтҳо) ва журналист-тарҷумони ДДБ ба номи Носири Хусрав натанҳо дар воситаҳои ахбори оммаи маҳаллӣ, ҳамчунин расонаҳои ҷумҳуриявӣ фаъолияти назаррас дорад.