Санаи 20 ва 21-уми декабри соли равон дар кафедраҳои пешбари факултети филологияи тоҷик, аз ҷумла кафедраҳои адабиёти тоҷик, забони тоҷикӣ, методикаи таълими забон ва адабиёти тоҷик ва рӯзноманигорӣ ҳимояи корҳои курсӣ тибқи нақшаи тасдиқшуда аз фанҳои “Таърихи адабиёти тоҷик”, “Забони адабии ҳозираи тоҷик”, “Таърихи забони тоҷикӣ”, “Феҳрастнигорӣ”, “Методикаи таълими забони тоҷикӣ”, “Методикаи таълими адабиёти тоҷик”, “Журналистикаи экологӣ” гузаронида шуданд. Дар қабули лоиҳаҳои кори курсӣ, мудирони кафедраҳо ва шахсони масъул иштирок намуда, ҳар як лоиҳаи кори курсиро аз назар гузаронида ба он баҳои муносиб доданд.
Қайд намудан зарур аст, ки лоиҳаҳои кори курсӣ тибқи Нимзомнома таҳия гардидааст.