Имрӯз, 23-юми декабри соли 2024 мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзуи “Вазъи омода намудани мутахассисони самти ҳуқуқшиносӣ дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ” ба шакли маҷозӣ баргузор гардид, ки дар баробари дигар роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти олию касбии кишвар, Ректори Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав, профессор Қурбонзода Маҳмадалӣ Раҳмат иштирок намуданд.
Дар мушовара Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикисон Раҳим Саидзода вобаста ба вазъи омодакунии мутахассисони ҷавон, аз ҷумла кормандони ҳифзи ҳуқуқ андешаронӣ намуда, изҳори қаноатмандӣ карданд. Зимни баррасии масъалаи мазкур зикр гардид, ки барои боз ҳам беҳтар гардидани сатҳи омодашавии мутахассисони соҳаи ҳифзи ҳуқуқ аз тамоми имкониятҳо самаранок истифода намоянд. Аз ин рӯ, роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти олию касбии кишварамонро лозим аст, ки ба баланд бардоштани сатҳу сифати таҳсилот ва ба дараҷаи байналмилалӣ омода шудани мутахассисони соҳаи ҳифзи ҳуқуқ тадбирҳои зарурӣ андешанд.
Ҳамчунин вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон роҷеъ ба таҳияи нави барномаву стандартҳои таълимӣ ва мутобиқсозии онҳо ба сатҳи байналмилалӣ андешаронӣ намуда, роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти олию касбии кишварро вазифадор карданд, ки дар ин самт фаъолиятро бо ҳам ҷоннок намоянд. Дар баробари ин зикр гардид, ки ҳуқуқшиносон бояд бо шаҳрвандони кишвар муоширати хуб намуда, забонҳои хориҷӣ, аз ҷумла русӣ ва англисиро низ донанд.
Дар охири мушовара барои амалӣ гардидани масъалаи мазкур қарорҳои дахлдор қабул карда шуданд.