Паёми Пешвои миллат яке аз руйдодҳои муҳим арзёбӣ мегардад, зеро ин санади сарнавиштсоз, кору фаъолияти ҳар яки моро муаррифӣ намуда, самту роҳи расидан ба зинаҳои нави рушдро равшан месозад.
Ҳар сол, дар ҳар паём аз ҷониби Сарвари давлат вазифаҳои тақдирсози нав ба нави баландарзиш гузошта мешавад, ки имруз моро ба марҳилаҳои шукуфоӣ ва ободонӣ ҳидоят менамояд.
Ҳар сол, дар ҳар паём аз ҷониби Сарвари давлат вазифаҳои тақдирсози нав ба нави баландарзиш гузошта мешавад, ки имруз моро ба марҳилаҳои шукуфоӣ ва ободонӣ ҳидоят менамояд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паёми навбатӣ ба Маҷлиси Олии мамлакат аз 28 декабри соли 2023 бори дигар аҳамияти баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолии кишварро таъкид намуда, чунин қайд доштанд: «Бояд гуфт, ки дар раванди бунёди ҷомеаи пешрафта ва адолатпарвар масъалаи ташаккули маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон нақши калидӣ дорад».
Маҳз ҳамин нуқтаро ба инобат гирифта Пешвои муаззами миллат соли 2024-ро ба ифтихори 30-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон «Соли маърифати ҳуқуқӣ» эълон намуданд.
Дар ҷомеаи муосири Тоҷикистон ин иқдоми Сарвари кишвар саривақтӣ ва муҳим ба шумор рафта, баҳри баланд бардоштани донишҳои ҳуқуқии сокинон бахусус ҷавонони мамлакат нақши бисёр муҳим дорад. Махсусан дар даврае, ки тамоми ҷаҳонро танишҳои гуногуни ҳарбиву сиёсӣ ва геополитикӣ фарогир буда, ин гуна «бозиҳои сиёсӣ»-и қудратхоҳони ҷаҳонӣ ба ҳастии кишварҳои миллӣ таҳдиди воқеӣ эҷод менамояд, баланд бардоштани сатҳи дониши ҳуқуқӣ ва маърифати ҳуқуқии аҳолӣ бисёр муҳим мебошад.
Дар ҷомеаи муосири Тоҷикистон ин иқдоми Сарвари кишвар саривақтӣ ва муҳим ба шумор рафта, баҳри баланд бардоштани донишҳои ҳуқуқии сокинон бахусус ҷавонони мамлакат нақши бисёр муҳим дорад. Махсусан дар даврае, ки тамоми ҷаҳонро танишҳои гуногуни ҳарбиву сиёсӣ ва геополитикӣ фарогир буда, ин гуна «бозиҳои сиёсӣ»-и қудратхоҳони ҷаҳонӣ ба ҳастии кишварҳои миллӣ таҳдиди воқеӣ эҷод менамояд, баланд бардоштани сатҳи дониши ҳуқуқӣ ва маърифати ҳуқуқии аҳолӣ бисёр муҳим мебошад.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аксарияти аҳолии мамлакатро ҷавонону наврасон ташкил менамояд. Ҳарчанд ҳуқуқ ҳамчун предмети таълимӣ дар муассисаҳои миёна ва баъдан дар макотиби олӣ таълим дода шавад ҳам, вале сатҳи маърифати ҳуқуқии аҳолии кишвар то ҳол ба талаботи ҷомеаи мутамаддин ҷавобгӯ нест. Аз ин ҷост, ки донистан ва аз худ намудани ҳуқуқҳои аввалини инсон ва махсусан ҳуқуқҳои асосии инсон ва шаҳрванд аз вазифаи асосии ҳар як шаҳрванди мамлакат мебошад.
Мақсад аз ҳадафи асосии сиёсати ҳуқуқии кишвар қарор гирифтани масъалаи баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон низ дар робита бо расидан ба ҳадафу мақсадҳо ва вазифаҳои давлати ҳуқуқбунёд, аз ҷумла баҳри дар амал татбиқ намудани арзишҳои давлати ҳуқуқбунёд аз қабили волоияти ҳуқуқ ва қонун ба ҳисоб меравад.
Риояи бечуну чарои қонун аз тарафи шаҳрвандон ин хостаи ҳар як давлати ҳуқуқбунёд ва ҷомеаи шаҳрвандӣ аст. зеро маҳз ба ин васила волояти қонун, робитаи давлат ва шахс, ҳукумрон будани қонун дар танзими муносибатҳои ҷаъмиятӣ зоҳир мегардад. Аз ин лиҳоз иҷрои қонунгузорӣ ва дарки масъулияти ҳамдигарии давлат ва шаҳрвандон вобастагӣ ба сатҳи маърифати ҳуқуқӣ дорад.
Омӯзиш ва мушоҳидаҳо нишон дода истодааст, ки ҳадафи асосии фаъолияти давлату ҳукумати кишвар заминагузори баҳри ташаккул ва таҳкими давлати ҳуқуқбунёд равона гардида истодааст.
Мақсад аз ҳадафи асосии сиёсати ҳуқуқии кишвар қарор гирифтани масъалаи баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон низ дар робита бо расидан ба ҳадафу мақсадҳо ва вазифаҳои давлати ҳуқуқбунёд, аз ҷумла баҳри дар амал татбиқ намудани ҳама арзишҳои давлати ҳуқуқбунёд аз қабили волоияти ҳуқуқ ва қонун ба ҳисоб мерафт.
Ба андешаи мо дар шароити муосири давлатдорӣ яке аз вазифаҳои асосии давлати ҳуқуқбунёд дар баробари масъулияти тарафайни давлат ва шахс ва робитаи ҳуқуқии давлат бо ҷомеаи шаҳрвандӣ, ин ҳифз, риоя ва ҳимояи боэътимоди ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ба шумор меравад. Вазифаи мазкур бошад тавассути ҳокимияти олии қонунгузорӣ, иҷроия, судӣ ва фаъолияти дигар вазорату идораҳо, ташкилоту муасиссаҳои давлатӣ ба роҳ монда шудааст.
Аз ин ҷо, хулоса намудан мумкин аст, ки барпо намудани давлатӣ ҳуқуқбунёд танҳо дар сурати баланд бардоштани ҳисси масъулиятнокӣ, маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон дар самти риояи бечунучарои қонунгузории кишвар имконпазир аст.
Таҷрибаи ҷаҳонӣ исбот намудааст, ки ташаккул ва рушди давлати ҳуқуқубунёд бе робитаи устуворӣ шаҳрвандони он дар самти риояи ҳуқуқ, қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ вуҷуд дошта наметавонад. Зеро дар ин раванд иштироки шаҳрвандон низ хело муҳим аст, ки то чӣ андоза ҳуқуқу уҳдадориҳои худро медонанд ва вазифахои худро чӣ тавр иҷро мекунанд.
Ҳар як фарди ҷомеа бояд зарурати риояи бечунучарои қонунро амиқ дарк намояд ва итоат ба қонун бояд ба одати ҳар як шаҳрванд табдил ёбад. Ҳанӯз чандин садсола пеш мутафаккири бузурги юнонӣ Ситсерон гуфта буд: “Агар хоҳӣ озод бошӣ, ғуломи қонун бош!”. Яъне, озодӣ, пеш аз ҳама, масъулият аст
Бо қабули ҳамаи заминаҳои ҳуқуқии пешбурди фаъолияти рӯзмарраи ҷамъият дар кишвар зарур шуморида мешавад, ки барои таъмини риояи беҳтари ин қонунҳо ва иҷрои уҳдадориҳои дуҷонибаи давлату шаҳрвандон бояд дар кишвар сатҳи саводнокии ҳуқуқӣ ва маърифати риояи ҳуқуқӣ боло бардошта шавад. Бояд гуфт, ки бе ташаккули шуури ҳуқуқӣ дар байни аҳолӣ риояи талаботи қонун ва дарки моҳияти ҳуқуқу ӯҳдадориҳо аз ҷониби шаҳрвандон ғайриимкон мебошад.
Маҳз, маърифати баланди ҳуқуқӣ боиси пешгирии ҳама гуна падидаҳои номатлуб ва низоъҳои иҷтимоӣ, динӣ, маҳаллӣ ва миллӣ дар ҷамъият гардида, мавқеи арзишҳое ба монанди инсондӯстӣ, таҳаммулпазирӣ, адолат, эҳтиром ба ҳуқуқу озодиҳои инсон ва ғайра баланд мегардад.
Воқеан ҳам, ин ташаббуси Пешвои миллат дар раванди ҷаҳонишавии фарҳангҳо, ки ба сатҳи маънавиёт, тарбия ва ташаккули ҷавонону наврасон, замина мегардад, зарурӣ ва саривақтӣ буд. Зеро солҳои охир шомилшавии баъзе аз наврасону ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротиву террористӣ ба назар мерасад, ки, албатта, боиси ташвишу нигаронист.
Онҳо бояд китоби рӯимизии ҳар як сокини Тоҷикистон бошанд. Корманди мақомоти давлатӣ ва шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд дар бораи Конститутсия маълумот дошта бошанд, меъёрҳои онро донанд, муҳимтарин масъалаҳои дар Конститутсия пешбинишударо аз бар намуда, аз тартиби гузарондани ҷашну маросим огоҳӣ дошта, арзишҳои асили фарҳанги миллиро ҳифз намуда, хурофоту таассубро пешгирӣ карда, фарзандонро дар руҳияи инсондӯстӣ, ифтихори ватандорӣ, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ, умумибашарӣ ва фарҳангӣ таълиму тарбия намоянд.
Назаров Зайниддин – Омӯзгори кафедраи ҳуқуқ ва идораи давлатии факултети сиёсат ва идораи давлати ДДБ ба номи Носири Хусрав