Имрӯз, 24-уми декабри соли ҷорӣ дар толори маҷлисгоҳи Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав Шурои олимони донишгоҳ баргузор гардид.
Дар Шурои олимон, Ректори донишгоҳ, профессор Қурбонзода Маҳмадалӣ Раҳмат ва ҳайати профессорон, муовинон, деканони факултетҳо ва дигар аъзои Шурои олимон иштирок намуданд.
Тибқи рӯзномаи ҷаласа аз рӯйи масъалаи якум, “Ҷамъбасти фаъолияти таълимӣ, тарбиявӣ байналмилалӣ ва молиявию иқтисодии донишгоҳ дар соли 2024” ҳисобти муовинони ректор оид ба таълим, илм ва инноватсия, тарбиявӣ ва робитаҳои байналмилалӣ” шунида шуданд.
Аз рӯйи масъалаи дуюми рӯзномаи ҷаласа “Ҷамъбасти кори Шурои олимон” мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Нахуст, муовини ректор оид ба таълим Ҳамдамзода Хурсанд ҳисоботи солонаи раванди таълимро ба аъзои Шуро пешниҳод намуда, ёдовар гардиданд, ки нисбати раванди таълим, бахусус марказҳои таълимии донишгоҳ дар минтақаи ноҳияи Хуросон шароити хуби таълимӣ, синфхонаҳои муҷаҳҳаз бо шароити муосир муҳайё мебошад.
Инчунин ҳисоботи муовини ректор оид ба илм ва инноватсия, дотсент Сафарбекзода Ҳукмиддин оид ба самти корҳои илми таҳқиқотии устодони донишгоҳ шунида шуд.
Дар идомаи Шурои олимони донишгоҳ, муовинони тарбия, Нурализода Наргис, муовини ректор оид ба иқтисод Кибориён Бобоҷон, робитаҳои байналмилалӣ Фатҳуллоев Икром низ оид ба натиҷаҳои кор ҳисобот доданд.
Пас аз шунидани ҳиосботи муовинон аъзои Шурои олимон вобаста ба самтҳои мавриди таҳлил қароргирифта фикру мулоҳизаҳо баён доштанд.
Гуфта шуд, ки натиҷаҳои нишондодашуда, собит менамоянд, ки кори кормандони донишгоҳ назаррас буда, барои соли нави таҳсил бояд барномаю самтҳои фаъолиятро ҷоннок намоянд.
Дар масъалаҳои ҷории рӯзнома раиси Шурои олимони донишгоҳ, профессор Қурбонзода Маҳмадалӣ Раҳмат ба аъзои Раёсат ва Шурои олимон вобаста ба самти фаъолияти корӣ дастуру супоришҳои мушаххас доданд.