Имрӯз, 27 – уми декабри соли 2024 дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав Шурои диссертатсионӣ 6D. КОА – 082 аз рӯйи ихтисоси «Таърихи ватанӣ ва таърихнигорӣ», ки бо фармоиши раиси Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонтаҳти № 443 аз санаи 02.12.2024 тасдиқ карда шудааст рӯнамоӣ гардид.
Дар ҷаласаи Шурои диссертатсионӣ Сафарбекзода Ҳукмиддин муовини ректор оид ба илм ва инноватсия, муовини раиси КОА Шарифзода Мумин Машокир, мудири шуъбаи аттестатсионии илмҳои ҷамъиятӣ – гуманитарӣ Вализода Ҳокимхон Сафолиён, раиси шурои диссертатсионӣ, муовини раис, котиби илмӣ, аъзоёни шуро ва ҳайати профессорону олимони донишгоҳ иштирок намуданд.
Нахуст, муовини ректор оид ба илм ва инноватсия, Сафарбекзода Ҳукмиддин баромад намуда, миннатдории раёсати донишгоҳро ба КОА –и назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон расониданд. Дар идома иброз доштанд, ки дар назди Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав ду Шурои диссертатсионӣ, аз ҷумла 6D. КОА – 048 “Методикаи таълими фанҳои табиатшиносӣ, риёзӣ ва дақиқ” ва 6D. КОА – 061 “Таърихи илм ва техника” фаъолият доранд. Ин навбат бо саъйу талоши роҳбарияти донишгоҳ ва мусоидати Комиссияи Олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Шурои диссертатсионии 6D. КОА – 082 “Таърихи ватанӣ ва таърихнигорӣ” таъсис ёфта ба фаъолият оғоз менамояд, ки ин ҳама самараи Истиқлолияти давлатиро башорат медиҳад.
Сипас, мудири шуъбаи аттестатсионии илмҳои ҷамъиятӣ – гуманитарии Комиссияи Олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Вализода Ҳокимхон Сафолиён баромад намуда, ёдовар гардид, ки баъд аз соҳибистиқлол гардидани кишварамон чеҳраҳои нави илмӣ муҳақиқони ватанӣ низ дар илми тоҷик саҳми назарраси худро гузошта истодаанд. Боиси ифтихор аст, ки дар назди Донишгоҳи Давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав сеюмин Шуро фаъолияти бо самари худро оғоз намуд. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки имрӯзҳо таваҷҷуҳи сокинони кишвар, бахусус ҷавонон ба корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ бештар гардида, дастовардҳои олимони мамлакат низ афзун мегарданд.
Инчунин муовини раиси КОА Шарифзода Мумин Машокир баромад намуда қайд намуд, ки бо ташаббусиАсосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои рушди бемайлони илм ва фаъолияти муҳаққиқону эҷодкорон шароити мусоид фароҳам овардаанд. Ҳамин аст, ки маҳз дар давраи соҳибистиқлолии кишвар Комиссияи Олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфта, дар заминаи он дар назди муассисаҳои илмӣ ва таҳсилоти олии касбӣ Шуроҳои диссертатсионӣ низ ташкил гардида, фаъолияти самарабахш доранд.
Бовар дорем, ки ба фаъолият оғоз намудани ин Шурои диссертатсионӣ теъдоди муҳаққиқони ватанӣ ва ҳимояи рисолаҳои онҳо бештар гардида, ба ин васила метавон ба пешрафти соҳаҳои хоҷагии халқ ва эҳёи таърих шароити мусоид фароҳам мегардад.