Имрӯз, 27- уми декабри соли 2024 дар Шурои диссертатсионии 6D.КОА-014 назди Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон, аз рӯйи ихтисоси 08.00.07 – Молия, муомилоти пулӣ ва қарз, ҳимояи рисолаи номзадии Имомализода Баҳодур Бобомурод дар мавзуи “Ташаккулёбии маблағгузориҳои хурд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, зери роҳбарии д.и.и., профессор Пиризода Ҷалил Сафар баргузор гардид.
Ҳайати профессорону устодон ва кормандону донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав устод Имомализода Баҳодур Бобомуродро барои ҳимояи бомуваффақияти рисолаи номзадӣ самимона шодбош гуфта, дар фаъолияти минбаъдаи таълимиву тарбиявӣ ва илмию таҳқиқотияш комёбиҳо орзуманданд.