Китоб бузургтарин ганҷи офаридаи инсон аст. Китоб он василаест, ки инсонро дар масири зиндагӣ ба қуллаҳои баландтарин зиндагӣ мерасонад. Инсон тавассути мутолиаи китоб ба ҷаҳон ошно шуда дар он мавуеи худро пайдо мекунад. Тамоми дастовардҳои аҳли башар дар китобҳо маҳфузанд ва мо тавассути онҳо ба ахбор ва донишу фарҳанг дастрасӣ пайдо мекунем ва олами хешро месозем.
Имрўзҳо нашри китоб ва тадвину таҳия онҳо бо таваҷҷуҳ ба рўйи кор омадани технологияи иттилоотӣ ва интеллекти сунъӣ ба маротиб осон шудааст ва фақат моро лозим аст, китобҳои мавриди ниёзи хешро аз китобфурўшҳо ва сомонањои интернетӣ дар шакли электронӣ пайдо карда мутолиа намоем.
Хушбахтона, дар кишвари азизамон Тоҷикистони соҳибистиқлол ба масъалаи китобу китобдорӣ ва мутолиаи китоб таваҷҷуҳи калон зоҳир карда шудаистодааст. Ахиран тамоми китобҳои дарсӣ ба хонандагони ҳамаи синфҳои муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ба таври пурра ва дар шаклу мазмуни дархўр ба тақозои замони муосир ва ниёзҳои ҷомеаи навини Тоҷикистон нашр шуда истодаанд. Имрӯз бо боварии том метавон гуфт, ки ҷомеаи Тоҷикистон аз хурд то бузург рў ба китоб овардаанд ва ҳамагон мутолиа мекунанд. Мо инро аз иштироки васеи аҳолии мамлакат аз хурд то бузург дар озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст!» бараъло мушоҳида мекунем.
Бояд қайд кард, соли равон аз вилояти Хатлон теъдоди хеле зиёди ҷавонону калонсолон дар ин озмун ширкат варзида сазовори ҷойҳои ҷоизавӣ гардиданд. Дар ин робита роњбарияти вилояти Хатлон дар симои муњтарам раиси вилоят Давлаталӣ Саид зимни супоридани ҷоизаҳои хотиравӣ ба ғолибони озмуни «Фурўғи субҳи доноӣ китоб аст» соли 2025-ро дар вилояти Хатлон «Соли фарҳанги китобхонӣ» эълон намуданд. Воқеан, довталабони вилояти Хатлон дар Озмуни ҷумҳуриявии «Фурўғи субҳи доноӣ китоб аст» ба дастовардҳои назаррас мушарраф шуда, аз шумораи умумии иштирокчиёни озмун 35 нафар (29%-и иштирокчиён) ғолибият ба даст овардаанд. Онҳо тавонистанд ба нишондоди баландтарин дар солҳои баргузории озмун ноил гардида, соҳиби 2 Шоҳҷоиза, 3 ҷойи якум, 11 ҷойи дуюм ва 19 ҷойи сеюм, барои вилояти Хатлон дар соли равон боиси ифтихору сарбаландӣ мебошад ва бо боварии калон метавон гуфт, ки соли 2025 низ дар масъалаи китобхонӣ ва ба даст овардани ҷойҳои ҷоизавӣ барои вилояти Хатлон соли бобарор хоҳад буд.
Дар ҳамин росто мехостам каме дар бораи вазъи китобу китобхонӣ дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав сухане чанд бигўям. Дар донишгоҳ дар айни ҳол зиёда аз 20 ҳазор донишҷўён аз тамоми манотиқи мамлакат ва як қатор кишварҳои дур наздик ба таҳсил фаро гирифта шудаанд. Ба донишҷўён тамоми шароитҳо барои аз худ кардани донишҳои лозима ҷиҳати ба даст овардани тахассусҳои ҷавобгу ба талаботи замони муосир омода карда шудаанд.
Дар замони соҳибистиқлоли дар донишгоҳ китобхонаи нави замонавӣ сохта ба истифода дода шудааст, ки он дорои ду толори хониш барои 300 ҷойи нишаст, зиёда аз 270 ҳазор нусха китобҳои анъанавӣ ва 150 ҳазор нусха китобҳои электронӣ мҳафуз нигоҳ дошта мешаванд, ки ҳамарӯза омӯзгорон ва донишҷӯёни доншгоҳ аз ин китобҳо мутолиа менамоянд. Инчунин дар толорҳои китобхона маҳфилҳо ва чорабиниҳои гуногуни ватандустона пайваста баргузор карда мешавад. Китобхонаи донишгоҳ дар баробари рисолати аслии хеш, яъне мутолиаи китоб инчунин ба макони баргузории ҳар гуна чорабиниҳои фарҳангӣ ва мадании сатҳи донишгоҳ ва шаҳр гаштааст.
Мо кормандони китобхона тамоми чораҳоро андешида истодааем, ки теъдоди китобҳои дар китобхона зиёд карда шуда шумораи бештари донишҷўён барои мутолиаи китоб ба китобхона ҷалб карда шаванд.
Мусулмони Абдусамад- мудири
китобхонаи ДДБ ба номи Носири Хусрав