Имрӯз, 28-уми декабри 2024 дар Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми самтҳои фаъолияти хоҷагии халқи мамлакат мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифт. Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём зикр карданд, ки “Ба ҳама намуди санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ (ба истиснои санҷишҳои мақомоти андоз) то 1 – уми январи соли 2027 моратория” эълон гардид.
Инчунин дар самти нигоҳ доштани арзишҳои фарҳангӣ, пос доштани анъанаи миллӣ, ҳифзи ёдгориҳои таърихӣ ва дигар самтҳоро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Бахусус Пешвои миллат дар самти маорифу илм чунин таъкид доштанд: “Сабаби бадбахтии ҳар як миллат ва давлат эътибор надодан ба мактабу маориф ва саҳлангорӣ ба тарбияи кӯдак дар хурдсолӣ, фароҳам наовардани муҳити мусоид барои таълиму тарбия мебошад”.
ИҚТИБОС АЗ ПАЁМ