Ҳукумати кишвар барои соҳибкасб намудани калонсолон марказҳо таъсис дода, таваҷҷуҳи бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ин самт равона гардидааст.
Таъсиси маркази ҳунаромӯзии калонсолони назди Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав дар ноҳияи Хуросон аз ҷумлаи чунин марказҳои, ки дорои базаи моддию техникии хуб мебошад. Бо мақсади шиносоӣ бо раванди корҳои таълимиву тарбиявии устодони донишгоҳ, аз ҷумла сардори шуъбаи идоракунии сифати таҳсилоти донишгоҳ Гулов Қодир, декани факултети техникӣ ва технологӣ Холмуродзода Мурод аз шароиту синфхонаҳои маркази касбомӯзӣ дидан намуданд.
Қайд кардан ба маврид аст, ки маркази мазкур барои омода намудани мутахассисони соҳаҳои хоҷагии халқ , аз ҷумла кафшергари барқӣ, сартарош, ошпаз, техника ва технологияи муосир ва амсоли ин касбҳоро ба хоҳишмандон меомӯзонад.