Имрӯз, 28 -уми декабри соли 2024 дар Шурои диссертатсионии 6D. КОА- 077-и назди Академияи таҳсилоти Тоҷикистон, аз рӯйи ихтисоси 13.00.01 – и педагогикаи умумӣ, таърихи педагогика ва таҳсилот (илмҳои педагогӣ), ҳимояи рисолаи номзадии Норова Зарина Исломовна дар мавзуи ” Инкишофи ҷаҳонфаҳмии хонандагони синфҳои ибтидоӣ тавассути эҷодиёти шифоҳии халқ”, зери роҳбарии номзади илмҳои педагогӣ, дотсент Ашурова Шаҳло Кулобиевна баргузор гардид. Ҳайати профессорону устодон ва кормандону донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав муаллима Норова Зарина Исломовнаро барои ҳимояи бомуваффақияти рисолаи номзадӣ самимона шодбош гуфта, дар фаъолияти минбаъдаи таълимиву тарбиявӣ ва илмию таҳқиқотияш комёбиҳо орзуманданд.