Рӯзи 28 – уми декабри соли ҷорӣ дар шурои диссертатсионии 6D.КОА-041-и назди Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи М.Осимӣ муаллимаи Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав Ойматова Ҳоҷармо Холмуродовна рисолаи докторияшро дар мавзуи “Таъсири нанохокаи гидразин ба тағйирёбии хосиятҳои
гармофизикӣ ва адсорбсионии омехтаи системаи сеҷузъа (H_2 SiO_4, нанонайчаҳои бисёрқабатаи карбон ва N_2 H_4 ) дар фазаи сахтӣ” зери мушовирии доктори илмҳои техникӣ, профессор Зарифзода Моҳира Абдусалом бо муваффақият дифо намуд.
Ҳайати профессорону устодони донишгоҳ муаллимаи азизро барои дифоъ намудани рисолаи докторӣ самимона шодбош менамоянд.