Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти маҳбуби кишвар, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар паёми навбатии хеш ба Маҷлиси Оли бо иштироки васеъи ҳайати Ҳукумат тамоми паҳлӯҳои рушди соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқи кишварро зина ба зина ба маълумоти ҳозирин манзур намуд. Яке аз самтҳои афзалиятнок дар ҳаёти иҷтимоӣ иқтисодии аҳолӣ ин ба андозаи аз 10 то 20 фоиз баланд бардоштани музди меҳнати кормандони соҳаҳои иҷтимоӣ, маъмурӣ, нафақа ва идрорпулиҳо мебошад, ки барои беҳдошти сатҳу сифати зиндагии сокинони кишвар мусоидат мекунад.Пешвои миллат ёдовар гардид, ки ” дар панҷ соли охир маоши вазифавии кормандони соҳаҳои буҷетӣ чор маротиба (солҳои 2020, 2022, 2023, 2024) ва дар маҷмуъ, ба андозаи 100 фоиз зиёд карда шуд”.
Аминов Раҳматулло Ҷалолиддинович номзади илмҳои иқтисодӣ дотсенти ДДБ ба номи Носири Хусрав