Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон як падидаи нави сиёсии замони истиқлол буда, санади сарнавиштсоз, роҳнамо ва қутбнамои инкишофи ҷомеа мебошад, ки самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар, нақшаву барномаҳои рушди устувори минбаъдаи онро дар тамоми самту соҳаҳои хоҷагии халқи мамлакат фаро мегирад ва вазифа, мақсаду маром, роҳу воситаҳои амалиро барои расидан ба ҳадафҳои стратегӣ муайян ва мушаххас менамояд.
Нуқтаи муҳим дар Паёми имсолаи Сарвари давлат асоснок кардани нақшаҳои афзалиятноки иқтисодӣ мебошад.
Бо таваҷҷуҳ ба ин, таъкид шуд, ки дар натиҷаи амалӣ кардани вазифаҳои дар ҳуҷҷатҳои стратегии мамлакат пешбинишуда рушди маҷмуи маҳсулоти дохилӣ дар солҳои минбаъда баланд бардошта мешавад. Сарвари давлат рушди муосири иқтисодиёт ва баланд бардоштани рақобатнокии онро бидуни рушди сармояи инсонӣ ғайриимкон ҳисобиданд.
Пешвои миллат дар Паёми имсолаи худ зикр доштанд, ки сарфи назар аз таҳаввулоти дар иқтисоди ҷаҳон идомадошта ва таъсири манфии омилҳои берунӣ ба иқтисоди миллии мо, дар натиҷаи татбиқи самараноки ислоҳоти иқтисодӣ, амалӣ намудани стратегияву барномаҳо ва тадбирҳои зиддибурҳонӣ дар панҷ соли охир рушди иқтисодиёти Тоҷикистон ҳамасола ба ҳисоби миёна дар ҳаҷми 7,7% таъмин гардид. Соли 2024 њаљми маҷмуи маҳсулоти дохилии кишвар ба беш аз 150 миллиард сомонӣ ва суръати рушди воќеии он ба 8,4% расонида шуд.
Дар панљ соли охир маош,нафаќа ва стипендияњо нисбат ба сатњи таваррум ба маротиб зиёд гардиданд, ки бевосита ба коњиш ёфтани сатњи камбизоатї ва бењтар гардидани шароити зиндагии мардуми кишвар мусоидат намуданд.
Дар маҷмуъ, Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фарогири тамоми паҳлуҳои иқтисодии миллии кишвар буда, вазифаҳоро барои солҳои минбаъда муайян мекунад. Аз ин рӯ, мо омӯзгорон бо ҳисси баланди ватандӯстӣ, ифтихор аз давлату давлатдорӣ, аз сиёсати хирадмандона ва дурандешонаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷонибдорӣ намуда, барои дар амал татбиқ намудани дастур ва ҳидоятҳои Пешвои миллат, ки дар Паём дар назди маорифчиёни мамлакат гузошта шуданд, камари ҳиммат баста, дар рушди созандагию бунёдкорӣ ва баҳри тарбияи насли наврас саҳми арзандаи хешро мегузорем.
Бурҳониддин Шодиён, декани факултети
гумрук ва таҳлили иқтисодӣ