Боиси хушнудӣ ва фараҳмандист, ки аз соли 2001 инҷониб ҳамасола Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ ва мардуми бошарафи кишвар муроҷиат намуда, вазъи имрӯза ва дурнамои рушди давлатро мавриди таҳлил ва баррасӣ қарор медиҳанд.Паёми навбатии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки санаи 28.12.2024 ба Маҷлиси Олии кишвар ироа гардид, аз лиҳози моҳият ва мазмуни баланд фарогири масоили иқтисодию иҷтимоӣ, сиёсию фарҳангӣ, варзишию тандурустӣ ва сиёсати хориҷии кишвар буда, онро метавон роҳнамои илҳомбахши халқи шарафманди Тоҷикистон дар тӯли 33 соли Истиқолияти давлатӣ номид.
Дар Паёми соли ҷорӣ Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба як қатор масъалаҳои муҳим, аз қабили тақвияти сохти конститутсионии кишвар, рушди нерӯи инсонӣ, баланд бардоштани сатҳу сифати таълим, ҷорӣ намудани инноватсия дар истеҳсолот, вусъат додани истеҳсоли маҳсулоти ниҳоӣ, ташаккул додани иқтисоди ба дониш ва ихтироъкориву навоварӣ асосёфта, баланд бардоштани фаъолнокии иқтисодии аҳолӣ, такмили низоми дастгирии соҳибкориву сармоягузорӣ, афзоиши истеҳсоли ҳаҷми маҳсулоти рақобатпазири ватанӣ, беҳсозии фазои сармоягузорӣ ва рушди соҳаи маорифи кишар таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуданд.
Яке аз нуқтаҳои муҳими Паёми навбатӣ дар самти расидан ба ҳадафҳои олии кишвар ин рушди соҳаи маориф дар замони соҳибистиқлолӣ мебошад. Пешвои муаззами миллат соҳаи мазкурро ҳамчун самти калидии рушди иқтисодиёти кишвар арзёбӣ намуда, мунтазам дар паёмҳои худ ба Маҷлиси Олӣ тақвияти ин соҳаро таъкид менамоянд. Ин аст, ки ҳанӯз соли 2020 бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон №526 Стратегияи миллии рушди маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 қабул гардид, ки дар меҳвари он рушди неъруи зеҳнӣ меистад.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ иброз доштанд ки “ҳамаи пешравию пирӯзии ҳар як давлат ва ҷомеаро мактабу маориф ва илму дониш таъмин мекунад. Маҳз барои ҳамин ман аз рӯзҳои аввали роҳбарии худ ба масъалаи илму маориф эътибори доимӣ ва аввалиндараҷа медиҳам…”.
Бо назардошти саҳми калидӣ доштани соҳаи маориф дар рушди иқтисодиёти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар паём соли ҷорӣ ба вазоратҳои маориф ва илм, рушди иқтисод ва савдо, Академияи миллии илмҳо, Комиссияи олии аттестатсионӣ, академияҳои соҳавӣ ва дигар сохторҳои марбута вазифагузорӣ намуданд, ки «Барномаи давлатии тайёр кардани кадрҳои сатҳи баланди илмӣ барои солҳои 2021 – 2030»-ро дар муддати ду моҳ таҷдиди назар карда, ба Ҳукумати мамлакат пешниҳод намоянд.Нуқтаҳои муҳими дигар барои маорифчиёни кишвар дар Паёми навбатӣ аз 1-уми сентябри соли 2025 дар ҳаҷми аз 20 то 30 фоиз боло рафтани музди маоши вазифавии кормандони соҳа ва эълон гардидани солҳои 2025 – 2030 ҳамчун «Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия» мебошад.
Зеро яке аз панҷ ҳадафҳое, ки дар солҳои минбаъда ба онҳо таваҷҷуҳи хоса зоҳир карда мешавад, ин рушди сармояи инсонӣ бо роҳи омӯзиш ва бозомӯзии кадрҳо доир ба технологияҳои иттилоотӣ дар дохил ва хориҷи кишвар ва баланд бардоштани маърифати истифодаи технологияҳои рақамӣ мебошад.
Ҳамзамон, дар Паём иброз гардид, ки имрӯз дар соҳаи маорифи мамлакат 8 барномаи давлатӣ ва 2 стратегияи дарозмуддат татбиқ шуда истодааст, ки ба рушду инкишофи таълиму тарбия, амалигардонии ислоҳоти соҳа, дастгирии мактабу омӯзгор, таълифи китобҳои дарсии насли нав ва такмили мазмуну мундариҷаи таҳсилот мусоидат менамояд.
Дар маҷмӯъ, бо боварии комил метавон гуфт, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон бо татбиқи ҳадафҳои гузоташуда дар ояндаи наздик ба як давлати аз ҷиҳати иқтисодию молиявӣ ва фарҳангию маърифатӣ пешрафта табдил меёбад. Дар ин замина, мо омӯзгорони кишварро мебояд бо пуштибонӣ аз сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон самти фаъолияти худро ба маҷро ва марҳилаи нави рушд мувофиқ намуда, кӯшиш намоем, ки дар расидан ба ҳадафҳои олии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳмгузор бошем.
Собирзода Шодмон Сулаймон, дотсенти кафедраи Таҳлили иқтисоди ва аудити ДДБ ба номи Носири Хусрав