Муҳтарам, ҳайати профессорон, устодон ва шогирдони арҷманд!
Соле, ки сипарӣ мешавад барои мардуми шарифи Тоҷикистон, бахусус ҳайати профессорону устодон ва кормандону донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав пур аз дастоварду комёбиҳои меҳнатӣ мебошад.
Боиси ифтихор ва сарафрозӣ аст, ки маҳз дар заминаи сиёсати созандаву бобарори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кишвари азизамон ба комёбиҳои зиёде ноил гардида истодааст. Соҳаи маориф ва илм бошад дар сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маркази таваҷҷуҳ қарор дошта, дар ин самт баҳри рушди он имкониятҳои зиёде фароҳам оварда шудааст.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ, ки рӯзи 28-уми декабри соли 2024 дар баробари таҳлилу баррасии дигар бахшу соҳаҳо ба рушди соҳаи маориф ва илм таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуданд. Баланд шудани музди маоши кормандони соҳаи маориф ва илм аз ғамхориҳои навбатии Сарвари давлат нисбати соҳа дарак медиҳад.
Дар соли сипаришаванда ҳайати устодону донишҷӯёни донишгоҳ дар самти таълиму тарбия ва илму таҳқиқот заҳмат кашида, ба натиҷаҳои назаррас ноил гардидаанд. Дар робита ба ин, дар соли сипаришуда сохтори донишгоҳ тадриҷан такмил ёфта, мавқеи он ҳамчун яке аз марказҳои пешрафтаи илму таълим ва маркази омодасозии мутахассисони варзида дар ҷумҳурӣ ва минтақа мустаҳкам гардид.
Дар соли 2024 неруи зеҳнии ҳайати профессорону омӯзгорони донишгоҳ барои баланд бардоштани сатҳи сифати таҳсилот равона гардида, фаъолияти тамоми ниҳодҳо ба густариши чор самти асосӣ – таълим, тарбия, илм ва иқтисод роҳандозӣ шуданд.
Миллати сарбаланди тоҷик бо шарофати хизматҳои шоистаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон – Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи таҳкими Истиқлоли давлатӣ, рушди иҷтимоӣ ва иқтисодии кишвар қадамҳои эътимодбахш мегузорад.
Соли нави мелодиро ба ҳайати профессорону устодон ва кормандону донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав самимона шодбош гуфта, таманнои пойдории сулҳу оромӣ ва саломативу комёбиҳо менамоям.
Соли нави мелодӣ муборак!