НАБИЗОДА Эмомалӣ – мудири шуъбаи тарбияи ДДБ ба номи
Носири Хусрав
(дар партави Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28.12.2024)
Хурсандиовар аст, ки ироаи Паёми имсолаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» ба таҷлил ва истиқболи шоистаи ҷашни муқадасси умумимиллӣ, яъне 30 – солагии қабули Конститутсияи кишварамон рост омад.
Мардуми заҳматкашу соҳибдавлатамон зери сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат, дар зарфи се даҳсолаи соҳибихтиёрӣ тавонистанд дар раванди корҳои созандагию ободонӣ, рушди соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқ, бунёди неругоҳҳои азим ва азнавсозии роҳҳу нақбҳо, ҳифзи марзу якпорчагии давлат ва манфиатҳои миллӣ, тарбияи ҷавонон дар руҳияи худшиносию ватандӯстӣ ва расидан ба ҳадафҳои стратегии мамлакат қадамҳои устувор гузошта истодаанд.
Ироаи Паёми имсолаи Пешвои миллат дар марҳилаи сифатан нави ноил гардидани мардум ба комёбиҳои назаррас ва пешравиҳои давлатдории миллӣ ба вуқуъ пайваста, фарогири самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ, вазъи иҷтимоию иқтисодӣ, маориф ва илм, тандурустӣ, ҷавонон ва варзиш ба ҳисоб меравад.
Дар оғоз Президенти кишварамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба соҳибистиқлолӣ, озодӣ, ваҳдати миллӣ ва шукуфоию пешравии кишвари азизмаон Тоҷикистон баромад намуда, иброз доштанд, кӣ: «Ҳоло кишвари мо дар марҳалаи нави тараққиёти худ қарор дошта, бо амалӣ намудани стратегияву барномаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ба дастовардҳои назаррас ноил гардида истодааст.
Дар баробари ин, нооромиву низоъҳо дар минтақаҳои гуногуни олам, шиддат гирифтани мухолифатҳои сиёсӣ ва таҳримҳо миёни кишварҳои абарқудрат, мусаллаҳшавии бошитоб, «ҷанги сард», тағйирёбии иқлим, инчунин, канда шудани занҷираҳои таҳвили молу маҳсулот ва дигар омилҳои берунӣ моро водор месозанд, ки барои пешгирӣ кардани таъсири манфии онҳо ба иқтисодиёти кишвар тадбирҳои саривақтӣ андешем.
Дар ин ҷода моро зарур аст, ки дар заминаи амалисозии ҳадафҳои миллиамон, пеш аз ҳама, амнияти миллӣ ва рушди устувори иқтисодиро таъмин намоем ва сатҳу сифати зиндагии мардумро боз ҳам баланд бардорем. Зеро мардуми мо мисли халқҳои дигар мамолики мутамаддин ҳуқуқи маънавии зиндагии шоистаро доранд.”
Чунин таъкидҳои саривақтии роҳбари давлатамон, мо шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳимтар аз ҳама ҷавононро водор месозад, ки беш аз ҳарвақта ба қадру аҳамиятӣ Истиқлолиятӣ давлатӣ, сулҳу оромии кишвар, ваҳдати миллӣ ва тинҷию осудаҳолии диёри хеш бирасанд ва барои ҳифзи Истиқлолияту ваҳадти миллӣ чун ҳамешагӣ омода бошанд.
Чун ҳамешагӣ зимни ироаи Паёми навбатии худ роҳбари давлатамон ба масъалаи сиёсати давлатии ҷавонон, таълиму тарбияи дурӯсти наврасону ҷавонон ва соҳибкасбу маърифатнок гардонидани ин қишри ояндасози ҷомеа таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, иброз дошт, ки “Мо ифтихор дорем, ки ҷавононамон нисбат ба Ватан меҳру муҳаббати самимӣ доранд, Ватанро сидқан дӯст медоранд, ба арзишҳо ва муқаддасоти миллӣ арҷ мегузоранд иродаи мустаҳкам доранд ва сиёсати пешгирифтаи давлату Ҳукумати мамлакатро бо ҳисси баланди миллӣ ва эҳсоси худшиносиву худогоҳӣ дастгирӣ мекунанд.
Мо аз ҷавонони кишвар умеди бузург дорем, ташаббусҳои созандаашонро минбаъд низ ҳамаҷониба дастгирӣ мекунем ва аз фаъолияти онҳо ба хотири рушду таҳкими давлатдории миллиамон ҳамеша қадрдонӣ менамоем.”
Маврид ба ёдоварист, ки дар даврони солҳибистиқлолии кишвар иқдомҳо ва ташаббусҳои созандаи ҷавонону наврасон ҳамеша дастгири ёфта, сиёсати давлатии ҷавонон зери таваҷҷуҳи меҳварии роҳбари давлатамон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор гирифт.
Маҳз дастгириҳои пайваста Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таваҷҷуҳи ҳамешагии роҳбари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд, ки дар замони соҳибистиқлолӣ шумораи ҷавонони боистеъдоде, ки барои таҳсил ба хориҷи кишвар фиристода мешаванд, сол ба сол афзоиш ёфта истодааст. Пешвои миллат иброз доштанд, ки илова бар ин, дар замони соҳибистиқлолӣ беш аз 117 ҳазор ҷавонони боистеъдоди мамлакат барои таҳсил ба донишгоҳҳои бонуфузи 42 кишвари пешрафтаи ҷаҳон фиристода шудаанд. Имрӯз 42 ҳазору 400 нафар ҷавонони мо дар 42 давлати мутараққии ҷаҳон таҳсили илм доранд, ки 13 ҳазор нафар ё беш аз 30 фоизи онҳо духтарон мебошанд.
Дар тақвияти ғамхориҳои ҳамаҷониба ва дастгириҳои пайвастаи Ассосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мо ҷавонон гуфта метавонем, ки насли даврони соҳибистиқлолии кишвар дар якҷоягӣ дар раванди таҷдиди ҷомеа, тавассути таҳким бахшидани фикру андешаи нав, бахусус ҳифзи истиқлолияти давлатӣ ва дастовардҳои он, ҳифз намудани арзишҳои миллӣ ва умумибашарӣ, ватансозиву ватандорӣ такони ҷиддӣ бахшида, бо умеди ояндаи нек зери роҳбарӣ ва сиёсати хирадмандонаӣ Пешвои миллат муттаҳид гардидан, дар ободонии сарзамини аҷдодии хеш саҳми ногусастани мегузорем.
Бо боварӣ метавон гуфт, ки ҷавонон ҷиҳати амали намудани нуқтаҳои Паёми Пешвои миллат кушиш ба харҷ дода, эътимоду боварии ҳамешагии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро бо рафтору кирдорҳои наку, анҷом додани корҳои созанда ва амалҳои ҷавонмардонаи худ, боз ҳам дучанд менамоянд.