ОҒОЗИ МУСОБИҚАИ ФУТБОЛ МИЁНИ ОМӮЗГОРОН ВА ДОНИШҶӮЁН

Имрӯзҳо дар доираи нақша-чорабиниҳои Раёсати донишгоҳ бо мақсади рушду оммавияти варзиш ва тарғиби тарзи ҳаёти солим мусобиқаи футбол миёни омӯзгорон ва донишҷӯён идома дорад. Дар ифтитоҳи мусобиқаи варзишӣ Ҳамдамзода Хурсанд, муовини ректор оид ба таълим, Маҳмадкарим Шарифов, раиси Кумитаи муттаҳидаи иттифоқи касабаи кормандони донишгоҳ, Тоҷиддин Исозода, муовини ректор оид ба тарбия иштирок намуданд. Маврид ба…

Муфассал

Бузургтарин неъмате, ки дар дунё арзи ҳастӣ мекунад, илму дониш ва фарҳангу маърифат аст.

Мактабҳои миёнаву олӣ на барои он ифтихор мекунанд, ки чи миқдор шогирд тарбия кардаанд. Бо он фахр доранд, чи қадар шогирд тарбия кардаанд, ки барои мардум ва ҷомеа фоидабахш будаанд. Дар давлат бузургтар ва муқаддастар аз мактаб дигар муассисае вуҷуд надорад. Ва вуҷуд дошта ҳам наметавонад. Он чизе, ки дар ҷомеа ҳаст – сохти давлатдорӣ,…

Муфассал

“ВАРЗИШ КАФИЛИ ИЛМУ ДОНИШ ВА ГАРАВИ САЛОМАТӢ”

Зери ин унвон ин субҳ бо иштироки васеи омӯзгорон ва донишҷӯён дар саҳни донишгоҳ машқҳои пагоҳирӯзӣ баргузор гардид. Мавриди қайд аст, ки машқҳои мазкур дар асоси дастури Раёсати донишгоҳ ва нақша – чорабиниҳои Созмони кор бо ҷавонон роҳандозӣ гардида, мунтазам идома меёбад.

Муфассал

ҲИМОЯИ МУВАФФАҚОНАИ РИСОЛАИ НОМЗАДӢ

Дар Шурои диссертатсионии 6D.КОА -001- и назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Мадвалиев Ҷамолиддин Алиҷонович, унвонҷӯи кафедраи сиёсатшиносии Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав дар мавзуи “Терроризм, амалҳои террористӣ ва таъсири онҳо ба суботи сиёсии ҷомеа” аз рӯи ихтисоси (23.00.02 – Ниҳодҳо, равандҳо ва технологияҳои сиёсӣ), зери роҳбарии Муродова Нигина Сулаймоновна, доктори илмҳои сиёсӣ бо муваффақона…

Муфассал

МАҲФИЛИ НАВБАТИИ “НУРИ МАЪРИФАТ” ДОИР ШУД

Дар кафедраи педагогика маҳфили навбатии “Нури маърифат” бо иштироки омӯзгорону аъзоёни маҳфил баргузор гардид. Маҳфил бо сухани ифтитоҳии Назарова Наргис, роҳбари маҳфил оғоз гардид. Сипас, Ҳабибова Лола, донишҷӯйи курси панҷуми ихтисоси педагогика ва психология дар мавзуи «Таҳлили малакаҳои хониш дар синфҳои ибтидоӣ» маъруза намуд.

Муфассал

ГУСТАРИШИ РОБИТАҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ

Таҳкиму густариши робитаҳои байналмилалӣ дар самти илм ва маориф, аз ҷумла табодули устодону донишҷӯён, иштироки мутақобила дар ҳамоишҳои илмӣ, таҳия ва роҳандозии барномаҳои муштаркаи таълимии зинаи бакалавр ва магистратура, роҳандозӣ ва таъмини фаъолияти мунтазами шуроҳои дифои байнидавлатӣ, ҷалби олимони варзидаи соҳавӣ ба фаъолияти шӯроҳои дифои ватанӣ, таҳия ва татбиқи лоиҳаҳои грантӣ ва амсоли ин аз…

Муфассал