Все реакции: 3333
МуфассалДар факултети Информатикаи Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав дарси озмоишии Ҳотамзода Сайёҳат, омӯзгори факултет дар мавзуи “Компютер воситаи асосии коркарди иттилоот” бо донишҷӯёни гурӯҳи 101-и ихтисоси информатика, таҳсили фосилавӣ доир гардид.
МуфассалВазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявии «Магистранти сол» миёни магистрантони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва илмии Ҷумҳурии тоҷикистон эълон менамояд. Мақсади ташкил ва гузаронидани Озмун ин дарёфти чеҳраҳои нави лаёқатманд, соҳибмаърифат ва ташаббускор, роҳ надодан ба ҳар гуна ақидаҳои ифротӣ ва омилҳои номатлуб,ки ба зеҳни магистрантон таъсири манфӣ доранд, ташаккури афкори солим, ғанӣ…
МуфассалВазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявии “Муҳаққиқ ва ихтироъкори ҷавон” миёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва илмии Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон мекунад. Мақсади ташкил ва гузаронидани Озмун ҷалб намудани муҳаққиқони ҷавон ба корҳои илмию техникӣ, баланд бардоштани сифати корҳои илмию таҳқиқотӣ ва дар оянда тайёр кардани кадрҳои минбаъдаи илмӣ мебошад. Озмун аз рӯи ду…
МуфассалБо мақсади баланд бардоштани завқи китобдӯстии донишҷӯён ва арҷгузоштан ба таърихи миллати тоҷик як гурӯҳ донишҷӯёни шуъбаи фосилавии факултети Химия ва биологияи Донишгоҳи давлтаии Бохтар ба номи Носири Хусрав аз Китобхонаи анъанавӣ ва электронии донишгоҳ дидан намуда, барои дастрас намудани адабиётҳои лозима аъзо шуданд. Ҳайати донишҷӯён зери роҳбарии Сулаймон Ғафорзода, мушовир эдвайзери Маркази фосилавӣ китобхона…
МуфассалИмрӯз дар толори Маркази илмии “МавлоношиносӢ”- и Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав мизи мудаввар таҳти унвони “Шарҳи Амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба озмунҳои ҷумҳуриявӣ: “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, “Илм фурӯғи маърифат” ва “Тоҷикистон ватани азизи ман” баргузор шуд. Дар мизи мудаввар А. Комилӣ, директори ИИТТИТТ, дар мавзуи “Зарурат ва аҳамияти озмуни…
МуфассалПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН Дар бораи кушодани Намояндагии доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Созмони Милали Муттаҳид оид ба масоили маориф, илм ва фарҳанг (ЮНЕСКО) Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам: 1. Намояндагии доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Созмони Милали Муттаҳид оид ба масоили маориф, илм ва фарҳанг (ЮНЕСКО) кушода шавад. 2. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон…
МуфассалБо ташаббуси садорати факултети таърих ва ҳуқуқ дар якҷоягӣ бо мушовир-эдвайзери шуъбаи фосилавии факултет Гулов Ҳасан донишҷӯёни курси аввали таҳсили фосилавӣ ба тамошои Осорхонаи таъриху кишваршиносии факултети таърих ва ҳуқуқ ҷалб карда шуданд. Рафти тамошои донишҷӯёнро дар осорхона мудири осорхона Тағойзода С.Қ. роҳбаладӣ намуданд. Бояд қайд кард, ки Осорхонаи таъриху кишваршиносии факултет аз соли 2007…
МуфассалДар факултети Забон ва адабиёти рус дарси намунавии Ашурова Шаҳло, мудири кафедраи забон ва адабиёти рус аз фанни Аломатҳои китобат бо донишҷӯёни гурӯҳи 201-и ихтисоси забон ва адабиёти рус дар мавзуи “Аломатҳои китобатӣ дар вақти мухотаб” баргузор шуд.
МуфассалИмрӯз дар толори Китобхонаи Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав ҷамъомади тантанавӣ бахшида ба Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Чорабинӣ бо сухани ифтитоҳии Тоҷиддин Исозода, муовини ректор оид ба корҳои тарбиявӣ оғоз гардид. Сипас, А. Амирзода, мудири Бахши кор бо ҷавонони дастгоҳи Раёсати…
Муфассал