3-юми январи соли 2025 дар Муассисаи давлатии таълимии “Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав” ҷаласаи васеъи Шурои олимони донишгоҳ баргузор гардид, ки дар он аз фаъолияти таълимӣ-методӣ, илмӣ-таҳқиқотӣ, тарбиявӣ, робитаҳои байналмилалӣ ва молиявию хоҷагидорӣ дар соли 2024 натиҷагирӣ карда шуд.
Ректори донишгоҳ, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Қурбонзода Маҳмадалӣ Раҳмат оид ба фаъолияти солонаи донишгоҳ суханронӣ намуда, зикр карданд, ки ҷиҳати дар амал тадбиқ намудани амру фармонҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дигар санадҳои меъёриву ҳуқуқии соҳавӣ дар соли сипаришуда тадбирҳои судманд роҳандозӣ гардиданд.
Ректори донишгоҳ иброз доштанд, ки тибқи раддабандии Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон донишгоҳ дар байни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ дар соли 2024 ба даҳгонаи аввал шомил гардид.
Инчунин, дар даври ниҳоии озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” донишҷӯёни донишгоҳ ба гирифтани 3 – ҷойи дуюм, 1-ҷойи сеюм ва 1-ҷойи ифтихорӣ миёни муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар мақоми сеюмро касб кард. Ҳамчунин дар озмуни “Илм-фурӯғи маърифат” 2-ҷойи ифтихорӣ, озмуни ҷумҳуриявии муҳаққиқ ва ихтироъкори ҷавон 2-ҷойи сеюм ва 1-ҷойи ифтихорӣ ва дар олимпиадаи ҷумҳуриявӣ миёни Муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ 1-ҷойи 2-юм ва 1- ҷойи 3-юмро соҳиб шуданд.
Дар Фестивали мусобиқаҳои варзишӣ байни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ донишҷӯёни донишгоҳ дар риштаи гуштини миллӣ 13-медал ва дар намуди варзиши сабук – волейбол соҳиби ҷойи аввал гардиданд.
Ҳамчунин, миёни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон мусобиқаи футбол миёни 62 даста баргузор гардид, ки донишҷӯёни мо ҷойи аввалро касб карданд.
Дар идомаи суханронии худ ректори донишгоҳ барои ҳавасмандии устодону донишҷӯён пешниҳод намуданд, ки:
1. Ба хотири эълон гардидани 25-уми май ҳамчун Рӯзи ҷаҳонии футбол Ҷоми раёсати Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав оид ба футбол миёни омӯзгорону донишҷӯён таъсис дода шавад;
2. Вобаста ба тарғиби осори гаронмояи ҳаким Носири Хусрави Қубодиёнӣ аз рӯйи равияҳои табиӣ ва гуманитарӣ барои 6 нафар донишҷӯён идрорпулии ба номи «Носири Хусрав» таъсис дода шавад.
3.Ҷиҳати ҳавасмандгардонии муҳаққиқон барои дифои рисолаи докторӣ 20 ҳазор сомонӣ, барои дифои рисолаи номзадӣ дар равияи гуманитарӣ 5 ҳазор сомонӣ ва барои
равияи илмҳои дақиқ, табиӣ ва риёзӣ 8 ҳазор сомонӣ омӯзгорон ҳавасманд карда шаванд;
4. Барои ғолибият дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ сазовори ҷойи 1-ум 15000 ҳазор сомонӣ, ҷойи 2-юм 10000 сомонӣ, ҷойи 3-юм 5000 сомонӣ
ҳавасманд карда шаванд;
5. Дар заминаи дастгириҳои иҷтимоии Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз моҳи сентябри соли 2025 музди маоши кормандон 10 фоиз аз ҳисоби суратҳисоби махсуси донишгоҳ баланд бардошта шавад;
6.Муҳаққиқоне, ки дар озмуни ҷумҳуриявии “Олими сол” сазовори ҷойи намоён мегарданд, ба маблағӣ 5000 сомонӣ қадрдонӣ карда шаванд;
Дар охири ҷамъомад як қатор кормандон ва омӯзгорони донишгоҳ барои хизматҳои бисёрсолаи бенуқсони омӯзгорӣ, саҳми арзанда гузоштан дар ташаккули ҳисси худшиносию худогоҳии миллӣ ва эҳсоси ватандӯстии насли ҷавон, инчунин омода намудани мутахассисони дорои донишҳои муосири касбӣ, иштироки фаъолона дар чорабиниҳо бо нишони “Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Сипоснома” ва “Ифтихорнома”-и донишгоҳ сарфароз гардонида шуданд.
Ҳамчунин як қатор устодон низ роҷеъ ба дастовардҳои ноилшуда дар соли 2024 баромад намуданд.