Дар Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки санаи 28-уми декабри соли 2024 ироа гардид, дастовардҳои кишварамон дар соли 2024 ҳамаҷониба мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифт.
Пешвои муаззами мо таваҷҷуҳи иштирокдорон ва ҷомеаи мамлакатро ба муҳимтарин масоили дохилию хориҷӣ, инчунин, мавзӯъҳои рӯзмаррае ба мисоли таъмини пешрафти соҳаҳои иқтисодӣ-иҷтимоӣ, бунёди роҳу иншооти муҳими ниёзи мардум, таъмини амнияту осоиштагӣ ва ваҳдату ягонагии ҷомеа, риояи ҳаққу ҳуқуқҳои инсон ва ҳамчунин, андешидани чораҳои мушаххас дар самти ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, беҳбудии хизматрасонии тиббӣ ва рушди соҳаҳои фарҳанг ва илму маориф ҷалб намуданд.
Дар радифи бозтоби нишондиҳандаҳои як соли ҳаёту фаъолияти пурсамараи ҷомеаи Тоҷикистон дар тамоми самтҳои хоҷагии халқи мамлакат, инчунин, Президенти маҳбуби кишварамон аз ташаббусҳои ватандӯстонаи соҳибкорон ва сокинони саховатпешаву баору номуси Тоҷикистони азизамон ёдовар гардида, зикр намуданд, ки дар доираи омодагиҳои ба истиқболи ҷашни 35-солагии истиқлоли давлатӣ, танҳо дар муддати се соли охир дар ин самт зиёда аз 20 миллиард сомонӣ хароҷот гардидааст.
Роҳбари давлат дар баробари натиҷагириҳо аз раванди рушди иҷтимоиву иқтисодӣ ва пешрафту ободии шаҳру деҳоти мамлакат, ҳамзамон, афзоиши ҳамасолаи ҳаҷми даромади пулии аҳолии мамлакатро натиҷаи боло рафтани сатҳи зиндагӣ ва фароҳам гардидани имконияту шароитҳои мусоид ҷиҳати таъмини зиндагии шоистаи мардум арзёб намуданд.
Чӣ тавре ҳамагон медонем маҳз дар асоси пешниҳоди Сарвари давлат дар Паёми соли пешин ҳанӯз аз аввали соли 2024-ум маоши хизматчиёни ҳарбӣ, ҳайати шахсии қаторӣ ва роҳбарикунандаи мақомоти корҳои дохилӣ, прокуратура ва дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ 40 фоиз баланд бардошта шуда буду, аз моҳи июл маоши хизматчиёни давлатӣ, кормандони ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ, стипендияҳо 40 фоиз ва андозаи нафақа 30 фоиз зиёд гардида буд.
Инак, зимни ироаи Паёми навбатӣ Президенти маҳбуби кишварамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, ки
Бо мақсади боз ҳам беҳтар намудани сатҳи некуаҳволии мардуми кишвар ва тақвият бахшидани ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ супориш медиҳам, ки аз 1-уми сентябри соли 2025:
– маоши вазифавии кормандони муассисаҳои томактабӣ ва таҳсилоти миёнаи умумии соҳаи маориф 30 фоиз зиёд карда шавад;
– маоши вазифавии кормандони дигар муассисаҳои соҳаи маориф, соҳаҳои илм, фарҳанг, варзиш, тандурустӣ, муассисаҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ, мақомоти ҳокимият ва идоракунии давлатӣ ва дигар муассисаҳои буҷетӣ, инчунин, стипендияҳо 20 фоиз зиёд карда шавад;
– музди меҳнати амалкунандаи кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, хизматчиёни ҳарбӣ ва дигар кормандони ин мақомот 20 фоиз зиёд карда шавад;
– ҳадди ақалли музди меҳнат барои тамоми соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ба андозаи 1000 сомонӣ дар як моҳ муқаррар карда шавад.
Дар баробари ин, аз 1-уми сентябри соли 2025 нафақаҳои суғуртавӣ, меҳнатӣ ва иҷтимоӣ, инчунин, иловапулӣ ба онҳо тибқи муқаррароти моддаи 51 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ» ва андозаи нафақаи заминавӣ 10 фоиз зиёд, яъне индексатсия карда шавад.
Дар баробари дигар масъалаҳои мубрами ҷомеа Пешвои муаззами миллат дар Паёми навбатии хеш санаи 28-уми декабри соли 2024 иброз доштанд, ки ташаккули маърифати молиявии шаҳрвандон ва баланд бардоштани фарҳанги андозсупорӣ яке аз омилҳои муҳими татбиқи самараноки сиёсати андозу буҷет, аз ҷумла дар масъалаи гузариш ба низоми пардохтҳои ғайринақдӣ ҷиҳати ноил гардидан ба устувории молиявии давлат ва рушди иқтисодӣ арзёбӣ мегардад.
Вобаста ба ин масъала Сарвари давлат дастур доданд, ки то охири соли 2025 пардохтҳои ғайринақдӣ дар соҳаҳои буҷетӣ ва хизматрасониҳои давлатӣ пурра таъмин карда шаванд. Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хотири пешбурди иқтисоди рақамӣ ба Вазорату Кумитаҳо ва дигар сохторҳои давлатӣ супориш доданд, ки ҷиҳати амалисозии тадбирҳои муҳим дар самти фароҳамсозии асосҳои ҳуқуқиву ташкилӣ, танзими давлатӣ, маблағгузории ташкили инфрасохтори иқтисоди рақамӣ, инчунин, муносибатҳои иштирокчиёни соҳибкории рақамӣ ва савдои электронӣ чораҳои мушаххас андешида шавад.
Вобаста ба ин бо мақсади суръат бахшидани раванд истифодаи ҳамаҷонибаи имкониятҳои технологияҳои рақамӣ дар иқтисодиёт Пешвои муаззами миллат пешниҳод намуданд, ки солҳои 2025 – 2030 «Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия» эълон карда шавад.
Умуман, Паёмҳои ҳарсолаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баробари таҳлилҳои амиқи сиёсиву иқтисодӣ ва баррасии муҳимтарин масъалаҳои ҳалталаби ҷомеа, ҳамчунин, ба унвони барномаҳои ҷадиди стратегӣ ҷиҳати расидан ба ҳадафҳои рушд ва таъмини зиндагии шоистаи мардум, миёни тамоми қишрҳои ҷомеа эътироф шудааст. Аз ин лиҳоз, Паёмҳои Пешвои муаззами миллат ҳамчун дастури роҳнамо дар ҳаёту фаъолияти рӯзмарраи ҳар яки мо мусоидат менамояд.
Нурализода Наргис, номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент муовини ректор оид ба тарбияи ДДБ ба номи Носири Хусрав