Нашрияи донишҷӯёни гурӯҳи 210-и ихтисоси журналист-тарҷумони факултети филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав дар доираи фанни “Асосҳои фаъолияти эҷоди журналисти” таҳти роҳбарии мудири кафедраи рӯзноманигорӣ, дотсент Шарифов Сангимурод таҳти унвони “Хомаи гавҳарнисор” дар формати А-5, дар ҳаҷми 8 саҳифа бо теъдодӣ 50 нусха аз чоп баромад.
Дар нашрия устодон ва донишҷӯён оид ба муқаддасоти миллӣ, саҳми Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҷеъ ба таҳкими Истиқлоли давлатӣ, таърихи таъсис ва рушди кафедраи рӯзноманигорӣ, омилҳои рушду такмили касбияти рӯзноманигорони ҷавон, эҳтиром ба волидон ва дигар мавзуотро фаро мегирад.
Қайд намудан зарур аст, ки нашрия хусусияти таҷрибавӣ дошта, дар моҳе як маротиба нашр мегардад.