Дар толори бинои асосии Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав рӯзи 7-уми январи соли 2025 таҳти роҳбарии профессор Қурбонзода Маҳмадалӣ Раҳмат ҷаласаи кории раёсат баргузор гардид. Дар кори ҷаласа муовинони ректор оид ба таълим, илм ва инноватсия, тарбия, иқтисод, муносибатҳои байналмилалӣ, деканони факултетҳо ва сардорони шуъбаву идораҳои дахлдор иштирок доштанд.
Дар ҷаласаи корӣ масъалаҳои натиҷаи корҳои тарбиявӣ дар факултетҳои донишгоҳ дар партави Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2024, ҳолати гузаронидани дарсҳои кушод ва ба дарсҳои ҳамдигар иштирок намудани омӯзгорони факултетҳои донишгоҳ ва иҷрои қарорҳои раёсат дар нимсолаи якуми соли таҳсили 2024-2025 мавриди баррасӣ ва муҳокима қарор гирифт.
Доир ба масъалаи аввали ҷаласа раиси комиссия, мудири кафедраи фалсафа Субҳонзода Салоҳиддин вобаста ба натиҷаи корҳои тарбиявӣ дар факултетҳои донишгоҳ дар партави Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гузориш дод. Зимни гузориш иброз гардид, ки дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав Паёми Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз тамошои дастаҷамъонаи он дар ҳамаи факултетҳо шуруъ гардида, баҳри амалӣ намудани дастуру супоришҳои дар Паём ироагардида дар донишгоҳ тадбирҳои зиёде андешида шуданд. Аз ҷумла дар ҷаласаҳои деканат, Шурои илмию дастурдиҳӣ ва ҷаласаҳои кафедраҳо, машғулиятҳои дарсӣ, соатҳои тарбиявӣ ва ҷамъомаду чорабиниҳои ҳамаи факултетҳо Паёми Пешво мавриди омӯзиши амиқ қарор гирифт.
Санҷиши масъала нишон дод, ки дар ҳамаи факултетҳо ва кафедраҳои донишгоҳ ҷузвдон ва маълумотномаҳо доир ба мулоқоту вохӯриҳо ва корҳои анҷомдодашуда дар ҳошияи Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавҷуд буда, дар нақшаи кураторони гурӯҳҳои академӣ оиди муҳтавои Паём дарсҳои намунавӣ ва соаҳои кураторӣ гузаронида шудаанд.
Дар музокираи масъала аъзои ҷаласа дотсентон Х. Ҳамдамзода, М. Шарипов, Қ. Гулов, М. Холназаров иштирок намуда, корҳои анҷомдодашударо дар ин самт қаноатбахш арзёбӣ намуданд. Бо вуҷуди муфаққиятҳои ба дастомада дар ин самт корҳои тарғиботӣ басанда нест. Бо дар назардошти матолиби мазкур аъзои ҷаласа ба масъулини факултетҳо супориш дод:
– дар партави Паёми навбатии Сарвари давлат, ки санаи 28.12.2024 ироа гардид, нақша-чорабиниҳои нав таҳия намуда, корҳои тарбиявии факултетҳоро тибқи он ба роҳ монанд ва натиҷаи онро дар ҷаласаҳои деканат ва шурои олимон мавриди баррасӣ қарор диҳанд;
-сифати азхудкунии донишҳои замонавии донишҷӯёнро пурзӯр гардонда, онҳоро ба мутолиаи китобҳои илмиву бадеӣ ташвиқ намоянд;
-ба масъалаи забономӯзии донишҷӯён таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, корро дар ин самт дар доираи имкониятҳои фароҳамомада дар донишгоҳ ба роҳ монанд.
Аз рӯйи масъалаи дуюми ҷаласа раиси комиссия, мудири кафедраи методикаи таълими технология Сӯҳроб Боев гузориш дод. Мавсуф зимни суханронӣ иброз намуд, ки вобаста ба талаботи замони муосир ба роҳ мондани дарсҳои кушод ва ба дарси ҳамдигардароӣ, ҳамчунин иштироки фаъоли омӯзгорон ба онҳо, баланд бардоштани сатҳу сифати дарсҳо аз масъалаҳои муҳими таълим дар макотиби таҳсилоти олӣ ба ҳисоб меравад. Аз натиҷаи санҷиш маълум гардид, ки дар қисме аз факултетҳои донишгоҳ ба масъалаи баргузории дарсҳои кушод саҳлангорӣ зоҳир гашта, як қатор камбудиву норасоиҳо ошкор гардид. Дар музокираи масъала аъзои ҷаласа Х. Ҳамдамзода, А. Саиднуриддинзода, Т. Исозода андешаронӣ намуда, барои бартараф кардани камбудиҳои ошкоршуда деканҳо ва мудирони кафедраҳо вазифадор карда шуданд:
– ба масъалаи гузаронидани дарсҳои кушод ва ба дарсҳои ҳамдигардароии омӯзгорон диққати ҷиддӣ дода, усулҳои муосири ташкили дарсҳоро ба роҳ монанд;
-муҳокимаи таҳлили дарсҳои кушод ва ба дарси ҳамдигардароии омӯзгоронро дар нақшаи кории деканат ва кафедра бештар ҷой дода, иштироки фаъоли омӯзгорони ҷавонро дар ин дарсҳо пурра таъмин намоянд;
-бо мақсади баланд бардоштани сатҳу сифати дарсҳо истифодаи васеи воситаҳои айёнии таълимро аз тарафи омӯзгорон зери назорати қатъӣ гиранд;
-ҳолати дарсҳои кушод ва ҳамдигардароиро бо мақсади баланд бардоштани маҳорату малакаи тахассусии омӯзгорони ҷавон дар ҷаласаҳо мавриди муҳокима қарор диҳанд.
Доир ба масъалаи сеюми ҷаласа оиди иҷрои қарорҳои раёсат дар нимсолаи якуми соли таҳсили 2024-2025 котиби раёсат Файзалӣ Қурбонов ахбор дод. Қайд гардид, ки Раёсати донишгоҳ дар нимсолаи якуми соли таҳсили 2024-2025 мувофиқи нақшаи кории худ 5 ҷаласаи корӣ гузаронида, 13 масъалаи банақшагирифтаро баррасӣ намуда, қарорҳои лозимӣ қабул намуд.
Дар ҳар ҷаласа доир ба масъалаҳои муҳокимашаванда ва ҳаллу фасли онҳо аз ҷониби аъзои Раёсати донишгоҳ қарорҳои мушаххас қабул гардиданд, ки аксарияти онҳо ба шуъбаи таълим, илм, факултетҳо ва кафедраҳои донишгоҳ тааллуқ доштанд.
Натиҷаи таҳлил ва ҷамъбасти кори Раёсати донишгоҳ нишон медиҳад, ки бештари қарорҳои қабулгардида ба тасвиб расида, баҳри бартараф намудани камбудию нуқсонҳои дар фаъолияти кафедраву факултетҳои донишгоҳ ҷойдошта нақши мусбат бозиданд.
Ҳамин тариқ, дар ҷаласа муҳимтарин масъалаҳои марбут ба илм, таълим ва тарбия мавриди баррасӣ қарор гирифта, қарорҳои дахлдор қабул карда шуданд.