Имрӯз, 7 – уми январи соли 2025 вохӯрии ректори Донишгоҳ давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав профессор Қурбонзода Маҳмадалӣ Раҳмат бо дастаи ҳаваскорони «Левакант»-и назди донишгоҳ ва муовинони декан оид ба корҳои тарбиявӣ дар партави Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» аз 28.12.2024 баргузор гардид.
Зимни вохӯрӣ ректори донишгоҳ профессор Қурбонзода Маҳмадалӣ Раҳмат роҷеъ ба паёми навбатии сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин ибрози назар намуданд, ки дар ҳақиқат иқдомоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар замони соҳибистиқлолӣ амалинамудаи Хукумати мамлакат ба рушди фарҳанг, ҳифзи меросу анъана ва суннату арзишҳои миллӣ ва дар натиҷа ба раванди болоравии сатҳи маънавиёти ҷомеа такони бузург бахшид.
Дар идома ёдовар гардиданд, ки айни ҳол зиёда аз 27 нафар омӯзгорону донишҷӯён ва хонандагони Литсейи назди донишгоҳ аъзои фаъоли дастаи ҳаваскорони «Левакант»-и назди донишгоҳ буда, пайваста дар чорабиниҳои сатҳӣ донишгоҳӣ бо намоиши барномаҳои фарҳангӣ – фароғатӣ саҳми арзандаи хешро мегузоранд. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки фарҳанг ва санъати асили тоҷикро бевосита бо дастури раҳнамунсози Пешвои миллат арҷ гузошта нигоҳ медоранд.
Гуфта шуд, ки давоми се соли охир аз ҷониби аъзоёни дастаи ҳаваскорон «Левакант»-и назди Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав наздик ба 80 суруд ва 11 навозиш, 5 саҳнаи бадеи – тарбиявӣ, хештаншиносӣ – дӯстдоштани Ватан омода намуда, қисман дар чорабиниҳои сатҳи донишгоҳ ва вилоятӣ пешниҳоди бинанда гардонида шуд.
Ёдовар мешавем, ки дар соли 2024 аъзои дастаи ҳаваскорони “Левакант”- и донишгоҳ, Очилдиева Фарида дар жанри Эстрадӣ аз рӯи “Номинатсияи сарояндагӣ”, (аз 18 то 35) дар даври ҷумҳуриявии озмуни “Тоҷикистон – ватани азизи ман” иштирок намуда, сазовори дипломи Озмуни мазкур гардид.
Дар охир иштирокчиён роҷеъ ба паёми навбатии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дастгириҳои шабонарӯзии Президенти кишвар қаноатманди намуда, баҳри пешрафти самти таълим ва нигоҳ доштани арзишҳои миллӣ, инъикос намудани санъати волои тоҷик андешарони намуданд.