Имрӯз, 7-уми январи соли 2025 дар асоси нақша-чорабиниҳои Раёсати Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав ҷиҳати шарҳи бандҳои Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ” мулоқоти устодон ва мушовир-эдвайзери факултети филологияи тоҷик бо донишҷӯёни соли аввали шуъбаи ғоибона (фосилавӣ)-и ихтисоси забон ва адабиёти тоҷик баргузор гардид.
Дар ин вохӯрӣ номзади илмҳои филологӣ, дотсент, мудири кафедраи рӯзноманигорӣ Шарифов Сангимурод, номзади илмҳои филологӣ, омӯзгори кафедраи забони тоҷикӣ Раҳмонов Маҳмурод ва мушовир-эдвайзери факултети филологияи тоҷик Саломова Руҳафзо ва дигар устодон роҷеъ ба нуктаҳои муҳимми Паёми Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба рушди соҳаҳои илму маориф, фарҳангу тандурстӣ, таҳкими Истиқлолу Ваҳдати миллӣ, аҳаммияти солҳои 2025-2030 «Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия», сармоягузорӣ ба неруи зеҳнӣ, ғамхорӣ нисбати ҷавонону бонувон ва амсоли ин суханронӣ намуданд.
Ташкилу баргузории чунин мулоқолту вохӯриҳо бо донишҷӯёни донишгоҳ минбаъд низ ташкилу баргузор мегардад.