Дар таърихи башарият тоҷикон дар баробари оне, ки соҳибфарҳанг унвон гирифтанд ба ҷаҳониён низ фарҳанги ғаниеро эҳдо сохтанд.
“Тайи 33 соли истиқлоли давлатӣ дар кишвар 18 театр, 50 қасри фарҳанг, 14 мактаби санъат, 126 китобхона, 61 боғи фарҳангу фароғатӣ ва 20 осорхона бунёд карда шуд, ки имрӯз ҳамаи онҳо ба мардуми Тоҷикистон хизмат карда истодаанд”-таъкид намуд Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироайи Паёми навбатӣ ба парлумони кишвар.
Бо чунин натиҷаҳои бузург дар рушди фарҳанги миллӣ саҳми беназири Пешвои фарҳангсолор, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бесобиқа аст.
Сохтмон ва ба истифода додани китобхонаи анъанавӣ ва электронии Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав низ идомаи мантиқии амалҳои фарҳангдустонаи Пешвои муаззами миллат мебошад.
А. Саиднуриддинзода
ДДБ ба номи Носири Хусрав