Мо ҳамагон хуб медонем,ки дар Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тамоми масоили ҷомеаи навини Тоҷикистон мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифта, бурду бохти ин ё он соҳа ба таври бармало нишон дода мешавад. Тибқи анъана дар Паёми соли 2024 низ дар канори тамоми масоили ҷомеаи навини тоҷик масъалаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш низ дар ҷомеаи Тоҷикистон ва нақшу саҳми он дар ҳифзи саломатии миллат ва муаррифии он дар арсаи байналмилалӣ инъикоси худро ёфтаанд.
Варзиш гарави саломатӣ ва қосиди сулҳ мебошад ва он миллатро сиҳату солим нигоҳ дошта, онро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ мекунад. Аз ин рў, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон перомуни масоили тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш ва бахшҳои он сухан гуфта чунин баён доштанд: «Мо ба хотири таъмини саломатии аҳолӣ, хусусан, наврасону ҷавонон, таблиғи тарзи ҳаёти солим, оммавигардонии варзиш ва муаррифии давлату миллат дар арсаи байналмилалӣ соҳаи варзишро низ ҳамчун самти муҳимми фаъолияти давлатдорӣ дастгирӣ менамоем» »[Паём, 2024].
Аз гуфтаҳои Пешвои миллат бармеояд, ки дар канори тамоми соҳаҳои дигар тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш ҳамчун самти муҳимии фаъолияти давлатдорӣ маҳсуб меёбад.
Воқеан ҳам ҳамин тавр мебошад, чунки варзиш машмули қишри аз ҳама сераҳолии мамлакат, яъне ҷавонон мебошад ва имрӯзҳо яке аз роҳҳои тарбияи дуруст ва матлуби ҷавонон ин ҷалби онҳо ба соҳаи тарбияи ҷисмонӣ варзиш ва эмин нигоҳ доштани онҳо аз равия ва ҷараёнҳои мухталифи музиру нолозим мебошад. Дар ин радиф Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи суханронии хеш зимни ироаи Паём чунин иброз доштанд: «Бо ин мақсад дар давоми солҳои соҳибистиқлолӣ беш аз 10 ҳазор иншооти соҳаи варзиш бунёд карда шуд, ки нисбат ба 70 соли сохти гузашта даҳҳо баробар зиёд мебошад.
Мо аз қабул гардидани пешниҳодамон аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид, тавассути қатъномаи махсус эълон доштани Рӯзи ҷаҳонии футбол ва дастовардҳои варзишгарони тоҷик дар Бозиҳои тобистонаи олимпии Париж – 2024-ум ифтихор мекунем.
Инчунин, ҷаҳонӣ шудани гӯштини миллии тоҷикӣ низ боиси ифтихору шараф ва дар айни замон масъулияти мо дар самти муаррифии бештари он дар дохил ва хориҷи кишвар мебошад»[Паём, 2024].
Хуҷазода Умед Шароф
– номзади илмҳои педагогӣ,
дотсент, декани факултети
педагогика ва варзиши ДДБ ба номи Носири Хусрав