Имрӯз дар ҷаласаи васеи кафедраи таърихи халқи тоҷики факултети таърих ва ҳуқуқ муҳокимаи рисолаи доктории Муродзода Аҳмадхон Амирхон дар мавзуи “Таърихнигории таърихи Мовароуннаҳру Хуросони нимаи
дуюми асри XIV ва асри XV”, ки зери машварати илмии академик Ҳайдаршо Пирумшоев омода ва баргузор карда шуд.
Дар ҷаласаи мазкур раиси Шурои олимони факултет, дотсент Баҳодуров Б.Ф.,профессорон Саидов Абдуқаҳҳор ва Ҳамза Камол, мудири кафедраи таърихи халқи тоҷик н.и.т. Мирзоев Ғ., аъзоёни Шуро, профессор Гадозода А., дотсентон Баротов М., Садриддини А., н.и.т. Қурбонов М. ва дигар омӯзгорон иштирок намуданд.
Рисолаи илмии доктории Муродзода Аҳмадхон Амирхон ба муҳокима гузошта шуда аз ҷониби профессорон Саидов Абдуқаҳҳор, Ҳамза Камол, Гадозода А., Пиров А., н.и.т. Мирзоев Ғ. ва дигарон ақидаҳои худро дар бораи мубрамият ва илмияти рисолаи муҳокимашаванда баён намуда, мавзӯи пешниҳодшударо баҳои баланд дода шуд.
Бояд қайд кард, ки рисолаи мазкур муддати як моҳ мешавад, ки аз ҷониби устодони кафедра ҳамаҷониба мавриди таҳлил қарор дода шуда буд.
Дар ҷаласаи кафедра кори доктори мавсуф мусбӣ баҳо дода, рисоларо барои ҳимоя ба Шуроҳои диссертатсионӣ тавсия доданд.
11