Имрӯз, 14 – уми январи соли 2024 дар факултети таърих ва ҳуқуқи Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав мизи мудаввар дар мавзуи “Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дастуру роҳнамо барои ояндаи дурахшон”
баргузор гардид.
Дар мизи мудаввар мудирони кафедраҳои факултет, аз ҷумла профессор Алимов Давлаталӣ, дотсент Садриддини Айниддин Қурбонов Меҳрубон, муовини декан оид ба илм ва инноватсия, дотсент Баротов Маҳмашариф, мушовир-эдвайзери таҳсилоти ғоибона (фосилавӣ) Қурбонов Давлатбек ва донишҷӯёни шуъбаи ғоибона (фосилавӣ)-и факултети мазкур низ иштирок намуданд.
Сараввал, профессор Алимов Д. суханронӣ намуда, иброз доштанд, ки Паём ин ҳадафҳои миллиро зина – зина амалӣ менамояд.
Ҳамасола мардуми шарифи кишвар Паёми Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дастҷамъона тамошо намуда, барои дар амал тадбиқ намудани ҳадафҳои давлат камари ҳиммат мебанданд.
Дар идома устодон роҷеъ ба бандҳои дигари Паём суханронӣ намуда, барои пешрафти давлату миллат пешниҳоду андешаҳои муҳимму саривақтӣ баён намуданд.
Дар охир аз донишҷӯён даъват ба амал оварда шуд, ки барои иҷрои бандҳои Паёми Пешвои миллат хонанд, то ин ки дар оянда насли хештаншиносу худогоҳии миллату давлати хеш содиқ бимонанд.