Дар Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рушду пешрафти соҳаҳои иқтисоду саноат, энергетика, роҳу нақлиёт, амнияту мудофиа, ҳифзи ҳуқуқу тартибот, тандурустӣ, фарҳанг, илму маориф, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ҷавонон, варзиш ва сайёҳиро таҳлил намуда, зарур шумурданд, ки дар шароити имрӯзаи ҷомеаи ҷаҳонӣ бояд амнияти миллӣ ва рушди устувори иқтисодӣ собитқадамона таъмин шуда, сатҳу сифати зиндагии мардум боз ҳам баланд бардошта шавад.
Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо дарназардошти вазъи ҷаҳони имрӯза, тағйирёбии иқлим, хусусан, камобӣ ва хушксолиҳои пайиҳам дар бисёр кишварҳои дунё, болоравии нархи маводи ғизоӣ дар ҷаҳон ва таъсири манфии омилҳои зикршуда ба бозори истеъмолӣ ба вазорату идораҳои давлатӣ дастур доданд, ки тамоми имкониятҳоро барои рушди соҳаи кишоварзӣ сафарбар созанд.
Соҳаи кишоварзӣ бахши муҳимтарини иқтисоди миллӣ ба ҳисоб рафта, аҳолиро ба маҳсулоти ғизоӣ ва соҳаи саноатро ба ашёи хом таъмин менамояд. Дар соли 2023 ҷиҳати таъмини амнияти озуқаворӣ, афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот, вусъати кишту кор, истифодаи самараноки заминҳо як силсила тадбирҳои дахлдор амалӣ гардиданд. Дар соли 2023 дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории ҷумҳурӣ ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзӣ ба 63028,4 млн. сомонӣ баробар шуда, нисбат ба соли 2022-юм 9,0 фоиз зиёд мебошад, аз ҷумла дар соҳаҳои растанипарварӣ ба маблағи 43365,7 млн. сомонӣ ва чорвопарварӣ 19662,7 млн.сомонӣ маҳсулот истеҳсол гардида, мутаносибан 6,8 фоиз ва 14,1 фоиз афзудааст. Дар соли 2023 ҳиссаи бахши кишоварзӣ дар Маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар 24,6 фоизро ташкил намудааст. Дар ин давра дар ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзӣ ҳиссаи растанипарварӣ ба 68,8 фоиз ва чорвопарварӣ 31,2 фоиз баробар гардидааст. Ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзӣ дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории ВМКБ 886,1 млн сомонӣ, вилояти Суғд 18495,5 млн сомонӣ, вилояти Хатлон 35326,2 млн сомонӣ ва шаҳри Душанбе якҷо бо шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 8320,5 млн сомонӣ баробар гардидааст. Дар ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ҳиссаи вилояти Хатлон дар ҳаҷми маҳсулоти умумии кишоварзӣ 56,0 фоиз, вилояти Суғд 29,3 фоиз, ВМКБ 1,4 фоиз ва шаҳри Душанбе якҷо бо шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 13,3 фоизро ташкил дода, истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ нисбат ба ҳамин давраи соли 2022 дар вилоятҳои Суғд 15,1 фоиз, Хатлон 6,8 фоиз, ВМКБ 2,4 фоиз ва шаҳри Душанбе якҷо бо шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 6,2 фоиз зиёд гардидааст.
Роҳбари давлат таъкид намуданд, ки барои иҷрои нақшаи корҳои ободониву бунёдкорӣ ба истиқболи ҷашни 35 – солагии истиқлоли давлатӣ аз ҳисоби соҳибкорону шахсони саховатпеша ва сокинони бонангу номуси кишвар дар се соли охир беш аз 20 миллиард сомонӣ хароҷот карда шуд. Корҳое, ки дар ин самт анҷом дода шуданд, ба таъмини нишондиҳандаҳои пешбинишудаи рушди иҷтимоиву иқтисодӣ ва пешрафту ободонии шаҳру деҳоти кишвар мусоидат намуд.
Аз иқдомҳои шоистаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти баланд бардоштани сатҳи зиндагии ҳамаи қишрҳои ҷомеа ёдовар шуда, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр карданд, ки дар панҷ соли охир маоши вазифавии кормандони соҳаҳои буҷетӣ чор маротиба – солҳои 2020, 2022, 2023 ва 2024 дар маҷмуъ, ба андозаи 100 фоиз зиёд карда шуд. Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади боз ҳам беҳтар намудани сатҳи некуаҳволии мардуми кишвар ва тақвият бахшидани ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ба Ҳукумати кишвар супориш доданд, ки аз 1 сентябри соли 2025 маоши вазифавии кормандони муассисаҳои томактабӣ ва таҳсилоти миёнаи умумии соҳаи маориф 30 фоиз, маоши вазифавии кормандони дигар муассисаҳои соҳаи маориф, соҳаҳои илм, фарҳанг, варзиш, тандурустӣ, муассисаҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ, мақомоти ҳокимият ва идоракунии давлатӣ ва дигар муассисаҳои буҷетӣ, инчунин, стипендияҳо 20 фоиз, музди меҳнати амалкунандаи кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, хизматчиёни ҳарбӣ ва дигар кормандони ин мақомот 20 фоиз зиёд карда шуда, ҳадди ақалли музди меҳнат барои тамоми соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ба андозаи 1000 сомонӣ дар як моҳ муқаррар карда шавад.
Дар баробари ин супориш дода шуд, ки аз 1 сентябри соли 2025 нафақаҳои суғуртавӣ, меҳнатӣ ва иҷтимоӣ, инчунин, иловапулӣ ба онҳо тибқи муқаррароти моддаи 51 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ” ва андозаи нафақаи заминавӣ 10 фоиз зиёд, яъне индексатсия карда шавад.
Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади дастгирии минбаъдаи рушди соҳибкорӣ зарур шумурданд, ки тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор” бо роҳи такмил додани меъёрҳои амалкунандаи арзёбии хавфҳо шумораи санҷишҳо ва даврияти гузаронидани онҳо боз ҳам маҳдуд карда шавад.
Бо шуғли пурмаҳсул таъмин намудани аҳолиро Пешвои миллат яке аз ҳадафҳои стратегии давлат арзёбӣ намуданд.
Таъкид гардид, ки дар замони соҳибистиқлолӣ дар соҳаҳои мухталифи иқтисоди кишвар беш аз 4,1 миллион ҷойи корӣ таъсису барқарор карда шудааст.
Зимни таҳлили сиёсати хориҷии Тоҷикистон Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, ки – “Тоҷикистон дар заминаи сиёсати хориҷии “дарҳои кушода” ва таҷрибаи ҳамкории беш аз се даҳсола бо кишварҳои олам омодагии хешро барои идомаи таҳкими муносибатҳои гуногунҷанба бо онҳо ҳам дар сатҳи дуҷониба ва ҳам дар қолабҳои бисёрҷониба изҳор менамояд”.
Ҳамчунин таъкид гардид, ки Тоҷикистон ҳамкории созанда ва қобили дурнаморо дар доираи созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ, аз ҷумла Созмони Милали Муттаҳид, созмонҳои байналмилалии молиявӣ ва шарикони рушд густариш медиҳад.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр доштанд, ки мо минбаъд низ барои расидан ба ҳадафҳои муайянгардида ва тавсеаи ҳамкории созандаву дарозмуддат бо ҳамаи кишварҳои олам ва шарикони байналмилалии худ тадбирҳои зарурӣ меандешем.
ШАМСОВ ҶУМЪАХОН ИСОЕВИЧ – н.и.и., омӯзгори ДДБ ба номи Носири Хусрав