Имрӯз дар толори мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар ҳамоиши занон таҳти унвони «Занон ва Паём» ва Шӯрои кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар бо иштироки муовини раиси шаҳри Бохтар Курбонзода Н., мудири бахши кор бо занон ва оила Турахонова З., муовини ректори Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав, номзади илмҳои иқтисодӣ Нурализода Н., доктори илмҳои филологӣ, профессор Юсупова З., номзади илмҳои педагогӣ Каримова Х., муовини директори беморхонаи марказии шаҳр Саидова М., раиси Шӯрои собикадорони ҷангу мехнат Назарова Т., номзади илмхои педагогӣ, мудири шуъбаи маориф Абдуназарзода Ш., мудирони шуъбаву бахшхо, роҳбарони ташкилоту муассисахо, директорони муассисаҳои таълимӣ, мудирони муассисаҳои томактабӣ ва донишчуён баргузор гардид.
Зимни ҳамоиш оид ба мавқеи занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, нуқтаҳои асосии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ, пешрафти соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи мамлакат ва нақши занон дар онҳо, иҷрои барномаҳои давлатӣ дар соҳаи кор бо занон ва баланд бардоштани мақоми занон дар ҷомеа суханронӣ карда шуда, иброз гардид, ки имрӯз таҳти сиёсати созандаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кишвар 25 фоизи хизматчиёни давлатӣ, 73 фоизи кормандони соҳаи маориф, 71 фоизи кормандони соҳаи тиб, 47 фоизи кормандони соҳаи фарҳанг, 37 фоизи олимон ва 30 фоизи соҳибкоронро бонувону занон ташкил медиҳанд.
Дар фарҷом суханони пурмазмуни Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Мо ба азму ирода ва масъулиятшиносии бонувону духтарони тоҷик ҳамчун нерӯи бузурги ҷомеа эътимоди комил дорем ва дастгирии ҳамаҷонибаи онҳоро идома медиҳем” гуфта шуда, аз бонувону ҷавондухтарон даъват ба амал оварда шуд, ки мо бояд аз соҳибдавлату соҳибватан буданамон доим шукрона кунем, ҳамеша ҳушёру зирак ва сарҷамъу муттаҳид, босабру таҳаммул бошем, ҳамдигарро ҳамеша дастгирӣ кунем, Ватанамонро сидқан дӯст дорем, фарзандонамонро дар ҳамин руҳия тарбия кунем, ба Ватан, миллат ва давлати худ содиқона хизмат намоем. Танҳо азму иродаи қавӣ, эътимод ба фардои нек, заҳмати софдилона ба нафъи Ватан ва давлат метавонад моро ба ҳадафҳои олиамон бирасонад