Дар Паёми имсолаи Пешвои муаззами миллат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон самтҳои асосии сиёсати дохиливу хориҷии мамлакатро дар 33 соли соҳибистиқлолии кишвар фаро гирифт, аз ҷониби Пешвои муаззами миллат нишондиҳандаҳои назаррас ва ҳадафҳои созандаи иҷрогардида дар ҳаёти сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвар бо далелу рақамҳои нав, иттилооти муҳим ва пеш аз ҳама таҳлили серҷонибаи рушду нумӯи кишвар натиҷагирӣ карда шуда, инчунин таҳлили камбудиву норасоиҳои фаъолияти давлат ва ҷомеа мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.
Соли 2024 барои Тоҷикистони мо, дар маҷмӯъ, соли бобарор буд. Ба шарофати заҳмати содиқонаи мардуми кишвар раванди созандагиву ободкорӣ бо маром идома ёфта, нақшаву барномаҳои пешбинигардида ҷиҳати таъмин намудани рушди устувори иқтисоди миллӣ ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии сокинони мамлакат ҳадафмандона амалӣ карда шуданд. Қобли зикр аст, ки дар Паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муҳимтарин масоил дар бахшҳои иқтисоду иҷтимоиёт, фаҳанг, илму маориф, сиёсати давлатии ҷавонону занон, рушди сайёҳӣ, таҳкими муносибатҳои байналмиллалӣ, тақвияти ватандӯстию ватанпарастӣ, худогоҳи ва худшиносии миллӣ, таҳкими истиқлоли давлатӣ ва ваҳдати миллӣ, таъмини волоияти қонуну тартиботи ҳуқуқӣ, муқовимат бо терроризму эксремиз, таҳкими иқтидори содиротии мамлакат, самаранокии бозори меҳнат ва дигар масъалаҳои ниҳоят муҳими сиёсати дохилию хориҷии Тоҷикистон таҳлилу баррасӣ шуда, дурнамои рушди кишвар муайян карда мешавад ва ҳамчун барномаи амалӣ барои ҳар яки мо ба ҳисоб меравад. Андешаҳои созандаву бунёдкоронаи Пешвои миллат, ки дар тамоми соҳаҳои ҳаётан муҳими кишвр ироа мегардад, чун дастурамал ё роҳнамое барои фардои дурахшони кишвар мебошад.
Зимни Паём Сарвари давлат воқеъбинона қайд намуданд, ки ҳама пешравию пирӯзии ҳар як давлат ва ҷомеаро мактабу маориф ва илму дониш таъмин мекунад, сабаби асосии бадбахтии ҳар як миллат ва давлат эътибор надодан ба сифати мактабу маориф, саҳлангорӣ кардан ба тарбияи кӯдак аз хурдсолӣ ва фароҳам наовардани муҳити мусоид барои таълиму тарбия мебошад, яъне то вақте, ки тамоми ҷомеа ба мактаб ва низоми маориф рӯй наоварад, миллат дастнигар, хору зор, таҳқиргашта ва афроди он моил ба ҳама гуна ҷиноятҳои сангину пешгӯйинашаванда боқӣ хоҳанд монд. Аз оғози даврони соҳибистиқлолӣ то имрӯз масъалаҳои мактабу маориф ва омӯзгору хонанда таҳти таваҷҷуҳу ғамхории аввалиндараҷаи Ҳукумати мамлакат қарор дошта, раванди истилоҳи соҳаи маориф ва таҷдиду навсозӣ дар ҳама самтҳои он бомаром идома дорад.
Ҳамчунин пешниҳодҳои сарвари давлат доир ба вусъат бахшидан ба равандҳои инноватсионӣ ва истифодаи ҳамаҷонибаи имкониятҳои технологияҳои рақамӣ дар иқтисодиёт ва эълон шудани солҳои 2025 – 2030 Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия фоли нек арзёбӣ мегардад.
Инчунин дар бораи аз моҳи май соли 2027 – ум аз ҳисоби истеҳсоли неруи барқ дар Роғун ва силсилаи неругоҳҳои дарёи Вахш норасоии неруи барқ дар кишвар пурра бартараф ва Тоҷикистон ба истиқлоли комили энергетикӣ ноил гардидан, бозтоб шудани оянда аз ин ҳам дурахшони кишвари азизамонро, баён менамояд. Ҷомеа ҳамон вақт пешрафт мекунад, ки миллаташ солим бошад. Инсони қобили меҳнат имкони хуби омӯзиш ва тақвият додани дониши худро дошта, тавассути малакаву маҳорати андӯхтаи худ ба рушди дигар самтҳо мусоидат менамояд. Бинобар ин, Ҳукумати мамлакат барои таъмин намудани солимии аҳолӣ ва баланд бардоштани сифати хизматрасонии тиббӣ ҳамаи имконоту тадбирҳои лозимаро меандешад. Бо натиҷагирӣ аз рушди ин соҳа дар кишвар ва баъдан, бо мақсади боз ҳам баланд бардоштани сифат ва самаранокии хизматрасониҳои кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ ва дигар нақшаҳо дар ин самт, Пешвои миллат дар паёми худ як қатор дастуру супоришҳо доданд, ки амалишавии ҳамаи он нақшаву барномаҳо бо итминони комил метавон гуфт,ки сатҳу сифати хизматрасониҳои тиббӣ баланд бардошта шуда, бо кадрҳои баландихтисос таъмин хоҳад гашт.
Ҳамин тариқ Паёми Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тамоми самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷӣ роҳнамо ва дастурамал буда, барои инкишофи ҳамаҷонибаи кишвар мусоидат менамояд. Албатта бо чанд ҷумлаи кӯтоҳ метавон, тамоми масоили матраҳшудаи паёмро баррасӣ намуд, аммо ҳаминро метавон гуфт, ки воқеан ҳар як ҳарфу калимот ва ҷумлаҳои ироагашта маънову мафҳуми бузург доранд ва бо итминони комил метавон гуфт,ки омӯзиш ва таҳлили ҳамаҷонибаи он инсонро дар рӯҳияи худшиносию хештаншиносӣ раҳнамун сохта, амалишавии он ба рушди босуботи кишвар ва ба тараққиёти бузург ноил гаштани Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидат менамояд.
Мо дар якҷоягӣ минбаъд низ Пешвои муаззами миллатро бовар мекунонем, ки бо ҳисси баланди ватандӯстӣ, ифтихор аз давлату давлатдорӣ, бо Пешвои арзандаи худ ифтихор дорем ва содиқ мемонем, аз сиёсати хирадмандона ва дурандешонаашон ҷонибдорӣ намуда, бо пайрави аз Пешвои муаззами миллат дар рушди созандагию бунёдкорӣ ва бо дастовардҳои назаррас истиқбол намудани ҷашни 35 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон кӯшишу талош менамоем.
Хайрзода Рамазон – унвонҷӯйи кафедраи рӯзноманигорӣ, омӯзгори кафедраи фалсафаи ДДБ ба номи Носири Хусрав