Имрӯз, 20-уми январи соли 2025 дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав ҷаласаи назоратии назди ректори донишгоҳ, профессор Қурбонзода Маҳмадалӣ Раҳмат баргузор гардид, ки дар он муовинон, сардорони шуъбаву марказҳо, деканони факултет ва дигар шахсони масъул иштирок намуданд.
Дар ҷаласаи назоратӣ асосан масъалаҳои раванди баргузории дарсҳои ғоибона (фосилавӣ), омодагӣ дар шуъбаи рӯзона ба нимсолаи дуюми соли таҳсил, сафарбар намудани донишҷӯён ба таҷрибаомӯзии омӯзгорӣ ва ғайриомӯзгорӣ мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифтанд.
Ректори донишгоҳ, профессор Қурбонзода М.Р. баъд аз шунидани ахбороти масъулин зикр намуд, ки ҷиҳати иҷрои босифати нақшаҳои корӣ ва баланд бардоштани сатҳу сифати таҳсилот боз ҳам фаъолиятро ҷоннок намоянд.