Имрӯз, 21-уми январи соли 2025 дар мулоқоти волидайн ваколатдори оперативии шуъбаи кофтукоби ҷиноятии шуъбаи корҳои дохилӣ дар шаҳри Бохтар, майори милитсия Сафарализода Ҷонибек Ҳотам, муовини ректори Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав оид ба корҳои тарбиявӣ Наргис Нурализода, директори литсейи назди донишгоҳ Нориён Зарина, роҳбари синфи 11 Раҷабмоҳ Давлатова иштирок доштанд.
Дар доираи мавзӯъҳои ҳуқуқ ва уҳдадориҳои падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд, боз ҳам баланд бардоштан ва пурзӯр намудани масъулияти падар ва модар дар раванди таълиму тарбияи фарзандон, пешгирии ҳодисаҳои номатлуб, пешгирӣ аз шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгароӣ, ҳуқуқвайронкунӣ ва ҷинояткорӣ дар байни ҷавонон, тарбияи онҳо дар рӯҳияи ватандӯстӣ, ифтихори ватандорӣ, эҳтироми арзишҳои миллӣ, инчунин ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои онҳо ва одоби ҳамидаи инсонӣ, риояи Дастурамали либосҳои тавсиявӣ ва иштироки фаъолона дар дарсҳо суханронӣ ва пешниҳодҳои судманд баён намуданд.
Ҳамзамон, ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи донишандӯзӣ ва таҳкими заминаи маънавии тарбияи ахлоқии фарзанд, маърифатноку дар рӯҳияи бунёдкорию созандагӣ тарбия намудани ҷавонон низ мавриди муҳокимарониҳо қарор дода шуд.
Масъалаи дигари мулоқот ин натиҷагирӣ аз ҷараёни давомоти хонандагон буд.
Гуфта шуд, ки ҳар як хонанда вазифадор аст, ки талаботи ҷориро иҷро ва барои ба даст овардани илму дониш ва азхудкунии касбияти соҳа ҷидду ҷаҳд намоянд.
Дар баробари ин, ба масъалаҳои риояи сару либоси тавсиявӣ ва маърифати муошират таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шуд.
Таъкид гардид, ки равобити мустаҳкам миёни литсейи назди донишгоҳ ва волидайн ҳамеша бояд ба роҳмонда шавад.