Куруши Кабир яке аз бузургтарин шахсиятҳои таърихи аҳди қадим ва бунёдгузори тамаддуни давлатдории комилан нав буда, ҳазорсолаҳо чун шоҳаншоҳи одил, сиёсатмадори зираку тезҳуш, пуштибони адолату ростӣ, кафили ҳуқуқу озодиҳо ва ҳомии сокинони қаламраваш шуҳрат ёфтааст.»
Пешвои Миллат Эмомалӣ Раҳмон
Куруши Кабир ба нахустин империяи мутамаддини ориёӣ бунёд гузошт, дар таърихи тамаддуни башарӣ назире надошт.
Империяи таъсисдодаи ӯ мутобиқи маълумоти катибаҳои Дорои Бузург ва муаррихони Юнони қадим чандин давлатҳои ҷаҳони куҳан — Порсу Мод, Бобулу Ошур, Мисру Финиқия, Лидияву Урарту, Парфияву Гиркания, Бохтару Суғд ва ғайраро дар қаламрави 22 вилоят муттаҳид намуда, дар ҳудуди се қитъаи олам – Осиё, Аврупо ва Африқо доман густурда буд. Куруш дар таърихи тамаддуни башарӣ бо сиёсати оқилонаи кишваркушоӣ, таъсиси империяи тавоною мутамаркази ориёӣ, усули нави идоракунӣ ва шакли мукаммали давлатдорӣ, ислоҳоти умури сипоҳу низоми лашкар, густариши тиҷорату тадбирҳои роҳсозӣ, алалхусус, пойдории адолату пуштибонии ҳуқуқи манзалати ҷумлаи халқиятҳои сокини қаламраваш шуҳрати ҷаҳонӣ пайдо кардааст.
Бояд тазаккур дод, ки тарбия ва таълим ду раванди ҳадафманди ба ҳам тавъаманд, ки яке дигареро комил месозад. Маҳз тавассути таҳия ва татбиқи барномаҳои тарбиятӣ ва таълимӣ давлат ва ҷомеаҳо аз як марҳила ба марҳилаи дигари рушду тараққӣ мерасанд. Яке аз шоҳону мудирони муваффақи сиёсию давлатии мардуми мо Куруши Кабир буд, ки дар доираи тарбияти хонадони Ҳахоманишӣ парвариш ёфта, барои овозадор шудани давлатмадории форсу тоҷик хидмати бузурге анҷом додааст.
Ҳаким Фирдавсӣ иҷрои ин навъ рисолати иҷтимоиро дар доираи фарҳанги хирадварзӣ ва додгарӣ арзёбӣ намуда, дар ин замина фармудааст:
Чу доно тавоно буду додгар,
Азеро накард эч пинҳон ҳунар.
“Эъломияи Куруши Кабир оид ба озодии виҷдон ” соли 538 пеш аз милод аз ҷониби Куруш ба тасвиб расида буд. Ин санад яке аз бузургтарин ислоҳоти иҷтимоӣ ва Эъломияи таърихии ӯст, ки дар шакли паём ба сокинони гуногунзабону гуногунмазҳаби қаламрави паҳновараш ирсол намуда буд.
Ин Эъломия, ки аз 39 банд иборат аст, ҳангоми ҳафриёти харобаҳои Тахти Ҷамшед ёфт шуда, аз ҷониби олимони ҳуқуқшиноси ҷаҳон ҳамчун нахустин Эъломияи ҳуқуқи башар дар ҷаҳон эътироф гардидааст. Ва яке аз нусхаҳои он дар Осорхонаи Британия дар Қонун бо номи «Устувони Куруш» маҳфуз аст. Маншур ё Эъломияи Куруши Кабир ба забони қадимаи эломӣ навишта шудааст. Ба қавли файласуфи олмонӣ – Фридрих Гегел дар китоби «Фалсафаи таърих» низоми давлатдории мутамаддин ва умуман таърихи тамаддуни умумибашарӣ маҳз аз таърихи пурҷозибаи порсҳо ва оини давлатдории Куруши Кабир ибтидо меёбад. Нависандаи хушсалиқа ва боистеъдод Бароти Абдураҳмон романи ҷолибу шавқовареро бо номи «Куруши Кабир – шоҳаншоҳи тамаддунофар» соли 2012 интишор намуд, ки сарнавишти ибратомӯз, талошу пайкорҳои давлатсозӣ ва муттаҳидгардонии ақвоми парокандаи ориёӣ баҳои баланду холисонаи Гегелро бо даҳҳо асноду далелҳои таърихӣ асоснок намудааст. Ҳангоме ки Куруши Кабир ба арсаи сиёсат ва давлатдорӣ қадамҳои нахустинашро ниҳод, сарзамини паҳновари Осиёи Хурд ва Шарқи Наздик миёни чаҳор давлати тавоно ва абарқудрати замон – Мод, Бобул, Лидия ва Миср тақсим шуда, дар минтақаи Осиёи Марказӣ давлатҳои нисбатан хурди Бохтар, Суғд, Хоразм ва Порт амал мекард. «Эъломияи Куруши Кабир оид ба озодии виҷдон» – ро бе ягон шубҳа метавон сарчашмаи муҳими ҳуқуқ ва озодиҳои инсон, сарчашмаи «Эъломияи умумии ҳуқуқи башар», ки аз ҷониби СММ 10 декабри соли 1948 қабул шудааст, ҳисобид.
Вобаста ба ин масъала Пешвои Миллат дар асари пурарзиши худ “Чеҳраҳои мондагор” қайд менамоянд, ки Куруши Кабир 2500 сол аз ин муқаддам ба тарзи давлатдории дунявӣ асос гузоштааст.
Консепсияи давлати дунявӣ ҳамчун яке аз принсипҳои бунёдӣ ба ҳисоб рафта, моҳияти он дар қисми 1 ва моддаи 1-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мустаҳкам гардидааст, ки мутобиқи он Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати дунявӣ мебошад. Эъломияи Куруши Кабир нахустин санади кафолати озодии мазҳабу эътиқоди динӣ ва эҳтироми ҳуқуқи ақалиятҳои миллӣ дониста машавад, ки сарманшаъ мегирад аз тамаддуни ориёӣ. Ҳолати мазкур, аз ҷумла кафолати аз забони модарии худ озодона истифода кардани ҳамаи миллатҳо ва халқиятҳое, ки дар ҳудуди ҷумҳурӣ зиндагӣ мекунанд дар қисми 3 моддаи 2-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳким ёфтааст.
Амир Ҳусайни Лодан дар китоби худ “Худосолорӣ ва дармондагӣ” қисматеро доир ба зиндагиномаи Куруши Кабир бахшида, қайд мекунад, ки таърихшиносону пажӯҳишгарон Курушро шоҳе хирадманд, меҳрубон ва бо ирода медонанд ва мегӯянд, Куруш дар муқобила бо мушкилот ақлгаро буд ва бидуни андеша ва тааммул ба қудрат даст ба кор намешуд. Ҳангоми фатҳи сарзамине қатлу ғорат намекард, эътиқодот ва муқаддасоти мағлубонро муҳтарам мешумурд, бо миллатҳо ба шафқат ва бо подшоҳон ва фармонравоён, ки аз ӯ шикаст хӯрда буданд, ба мадоро ва меҳрубонӣ рафтор мекард. Лаёқат дар сиёсат, ҷавонмардӣ дар ҷанг ва инсоният бо мардум Курушро на танҳо сармашқи подшоҳон ва фармонравоён қарордод, балки ӯро улгуи роҳбарӣ кард. Дар идомаи матлаб муаллиф барои тақвияти фикри худ суханони муаррихи амрикоӣ Лорӣ Ҳедрикро иқтибос меорад, ки дар бораи Куруш гуфтааст.
Беш аз 2500 сол пеш як раҳбари хирадманд ва покдомани эронӣ, Куруши Кабир, импературии Эронро поярезӣ кард, Бобулро фатҳ намуд ва чиҳил ҳазор яҳудиро аз асорат ва бардагӣ раҳо кард, аввалин маншури ҳуқуқи башарро навишт ва бо миллатҳое, ки шикаст дода буд бо эҳтиром ва навъпарастӣ рафтор кард”. Баъдан муаллиф ба хотири шиносоӣ пайдо кардани хонандагон бо аввалин маншури ҳуқуқи башар, ки аз ҷониби Куруши Кабир таҳия гардидааст ва он яке аз куҳантарин санади хаттии додгустарӣ ва ҳуҷҷати ҳуқуқи инсонӣ дар ҷаҳон ба шумор меравад ва Куруши Кабир маншури ҳуқуқи башарро пас аз озод кардани асирон ва ғуломон, аз ҷумла даҳҳо ҳазор яҳудӣ аз банд ба вуҷуд овардааст, маълумоти муфид медиҳад.
Аз ҷумла, муаллиф қайд мекунад, ки ин санад дорои 39 модда буда, соли 538 пеш аз мелод бо фармони Куруш бар устувонае нигошта шудааст ва ин устувона соли 1879 кашф гардида, дар осорхонаи шаҳри Лондони Британия ҳуҷраи 52 ва нусхаи он дар СММ нигаҳдорӣ мешавад. Бахши ҷудошудаи дигари ин устувона дар Донишгоҳи Йал (Yale University)-и ИМА (Ин донишгоҳ дар қатори се донишгоҳи пурнуфузи ИМА: Ҳарвард, Принстон ба ҳисоб меравад) нигоҳдорӣ мешавад ва иштибоҳан ба подшоҳи Бобул нисбат дода шуда буд, баъдтар маълум намуданд, ки ин устувонаи Куруш аст. Муаллиф дар идомаи матлаб даҳ моддаи аввали маншури ҳуқуқи башари Куруши Кабирро ҳамчун намуна иқтибос меорад:
Моддаи 1: Тамоми афроди башар озод ба дунё меоянд ва аз лиҳози ҳайсият ва ҳуқуқ бо ҳам баробаранд. Ҳама дорои ақлу виҷдон мебошанд ва бояд нисбат ба якдигар монанди бародар рафтор кунанд.
Моддаи 2: Ҳар кас метавонад бидуни ҳеҷ гуна табъиз, хусусан аз ҳайси нажод, ранг, ҷинс, забон, мазҳаб, ақидаи сиёсӣ ё ҳар ақидаи дигар ва ҳамчунин миллият, вазъи иҷтимоӣ, сарват, валодат ё ҳар мавқеияти дигар аз тамоми ҳуқуқ ва куллияи озодиҳое, ки дар эъломияи ҳозир зикр шудааст, баҳраманд гардад. Ба илова ҳеҷ табъизе ба амал нахоҳад омад, ки мубтанӣ бар вазъи сиёсӣ, идорӣ ва қазоӣ ё байналмилалии кишвар ё сарзамине бошад, ки шахс ба он тааллуқ дорад.
Моддаи 3: Ҳар кас ҳаққи зиндагӣ, озодӣ ва амнияти шахсӣ дорад.
Моддаи 4: Аҳадеро наметавон дар ғуломӣ нигаҳ дошт ва доду гирифти бардагон ба ҳар шакле, ки бошад, мамнӯъ аст.
Моддаи 5: Ҳеҷ касро набояд мавриди зулму шиканҷа ё рафтори таҳқиромез, ё хилофи инсоният ва шаъни башар қарор дод.
Моддаи 6: Ҳар кас ҳақ дорад, ки шахсият ва ҳуқуқи ӯ дар ҳама ҷо ба унвони як инсон дар муқобили қонун шинохта шавад.
Моддаи 7: Ҳама дар баробари қонун баробар ҳастанд ва ҳақ доранд бидуни табъиз аз ҳимояти қонун бархурдор шаванд. Ҳама ҳақ доранд дар муқобили ҳар табъизе, ки зиди эъломияи ҳозир бошад ва алайҳи ҳар амале, ки барои чунин табъизе ба амал ояд ба таври тасовӣ (баробар) аз ҳимояти қонун баҳраманд шаванд.
Моддаи 8: Дар баробари аъмоле (амале), ки ҳуқуқи асосии фардро мавриди таҷовуз қарор бидиҳад ва он ҳуқуқ ба василаи қонуни асосӣ ё қонуни дигаре барои ӯ шинохта шуда бошад, ҳар кас ҳаққи руҷӯъ (муроҷиат) ба муҳокими миллии солеҳа дорад.
Моддаи 9: Аҳадеро наметавон худсарона тавқиф, ҳабс ё табъиз намуд.
Моддаи 10: Ҳар кас бо мусовоти (баробарӣ) комил ҳақ дорад, ки даъвояш ба воситаи додгоҳи мустақил ва бетарафе мунсифона ва аланӣ (ошкор) расидагӣ шавад ва чунин додгоҳе дар бораи ҳуқуқ ва илзомоти (дар мубоиса бар ҳарифи худ) ӯ ё ҳар иттиҳоми ҷазое, ки ба ӯ тавҷеҳ зада шуда бошад, тасмим бигирад.
Муаллиф қайд мекунад, ки поягузорони асосии демократия дар Амрико Томас Ҷеферсон, Ҷеймс Медисон ва Франклин аз тариқи Таврот бо Куруш ва андешааш дар мавриди озодии динҳо ва таҳаммули дигарандешӣ ошно буданд. Томас Ҷеферсон барои ошноии бештар ва шинохти беҳтари Куруш китоби зиндагии Куруш, навиштаи Газенфани Юнониро мутолиа карда ва дар ҳошияи китоб ҷумлаҳояшро ёддошт мекард. Яке аз бардоштҳои Ҷеферсон аз андешаи Куруш нақши мазҳаб мебошад, ки дар қонуни асосии Амрико оварда шудааст. Пешвои Миллат дар Пайёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 28 декабри 2024 оиди таҷлили рӯзи Эъломияи Куруши Кабир дар сатҳи байналмиллалӣ қайд намуданд: “ Вазоратҳои корҳои хориҷӣ ва фарҳанг маводи заруриро вобаста ба таҷлили 2550-солагии Эъломияи ҳуқуқи башари Куруши Кабир омода ва ба ЮНЕСКО пешниҳод намоянд”.
Дар охир дуои Куруши Кабирро меорем, ки шаҳодати гуфтаҳои болост: “ Худовандо сарзамини маро аз ҳамлаи бегона, хушксолӣ ва дурӯғ дар амон бидор”.
ЮСУПОВ СУҲРОБ,
омӯзгори кафедраи географияи иқтисодӣ ва методикаи таълими география