Оину таомулҳои Сада одамонро ба амалҳои хубу писандида, аз қабили ба ҳам сухани нек гуфтан, ҳамдигарро эҳтиром намудан, дар осоишу оромӣ умр ба сар бурдан, дар ҳама ҳолат шарики ҳамдигар будан, кори хайр кардан, заминро дӯст доштан, табиатро ҳифз кардан ва дигар кидорҳои нек даъват мекунанд.
Яъне ҷавҳари Сада аз ҷанбаҳои инсонпарварона, дӯст доштани табиат ва расидан ба қадри обу замини диёр иборат мебошад.
Эмомалӣ Раҳмон
Дар миёни мардуми форс-тоҷик ҷашнҳои гуногун, аз ҷумла Ялдо, Тиргон, Сада ва Меҳргону Наврӯз мавҷуд аст, ки дар байни худ пайванди ногусастанӣ ва таърихи дуру дароз доранд. Зуҳури онҳо ба зиндагии ҳаррӯза, ҳар ҳафта, ҳар моҳа ва ҳарсолаи мардум пайванд буда, дар воқеъ ҳисоби кишту кору чорводорӣ аст.
Тамоми одамони қадим ва имрӯз ба чор унсури ҳастӣ об, ҳаво, хок ва оташ эътиқоди махсус доштанд ва доранд. Мардум ба хубӣ медонистанд, ки то чӣ андоза оташ ва хуршед дар зиндагии онҳо мавқеи муҳим дорад. Аз ин ҷост, ки қавму қабилаҳои гуногун ба хуршеду оташ эътиқоди махсус доштанд. Аз ҷумла мардуми форс-тоҷик низ доир ба ин унсур устураи махсус дорад. Онҳо дар чунин эътиқод буданд, ки хуршед низ ба монанди тамоми мавҷудоти дигар таваллуд мешавад ва мефавтад. Мутобиқи боварҳои мардумӣ дарозтарин шаб ин вилодати хуршед ва анҷоми тирамоҳ қабл аз оғози зимистон ин фавти хуршед аст. Шаби дарозтаринро шаби чилла ё шаби ялдо меномиданд. Калимаи ялдо ин суриёнӣ буда, маънояш таваллуд аст. Гузаштагони мо ин шабро бо номи шаби ялдо ва шаби чилла ҷашн мегирифтанд.
Сада аслан калимаи авестоӣ буда, яке аз маъноҳои он пайдо ва намоён шудан, ба хусус падид омадани хуршед аст. Ба маънии дигар метавонем Садаро чунин баён кард, ки пирӯзии пурраи гармо бар сармо мебошад. Дар ин рӯз мардумон оташи зиёд меафрӯхтанд. Ин буд, ки бо мурури замон дар байни мардум устураҳои зиёде доир ба ин ҷашн ба монанди партофтани тир ба море аз ҷониби Ҳушанг ва ба Заҳҳок ғолиб омадани Фаридун ва амсоли он ба вуҷуд омданд.
Баргузории ин ҷашни пуршукӯҳ дар рӯзи даҳуми баҳманмоҳи ҳиҷрӣ-хуршедӣ (мутобиқ ба 29-30-уми январ) рост меомад. Дар ин рӯз онҳо оташи зиёд меафрӯхтанд ва аз тариқи оташафрӯзӣ гумон доштанд, ки гӯё зимистонро месӯзанд. Ба таъбири баъзе муҳаққиқон дар ин рӯз Худои рӯшноӣ Митра (Меҳр) таваллуд шудааст.
Дар ин хусус ҳаким Фирдавсӣ чунин гуфтааст, ки пайдо шудани оташ ин ҳамон ҷашни Сада аст, ки дар замони Ҳушанг ҳангоми ба море санг задан кашф шудааст.
Нашуд кушта мор, валекин зи роз,
Падид омад оташ аз он санг боз.
Ҳар он кас, ки ба санг оҳан задӣ,
Аз ӯ равшаноӣ падид омадӣ.
Дар бораи ҷашни Сада Берӯнӣ, Байҳақӣ, Унсурӣ, Манучеҳрӣ, Фаррӯхӣ, Низомӣ ва дигарон дар асарҳои худ ёдовар шудаанд.
Бо мурури замон Сада бо ин ном дар байни мардум мавқеи махсусро ишғол намуд. Дар замони Пешдодиён, Каёнинён, Ҳахоманишиён, Сосониён ва дигар давлатҳои гузаштагони мо Сада мавқеи намоён дошт. Дар ҳамин давра бо гузашти вақт хуршед, равшании он ва оташ ба оини зардуштӣ роҳ пайдо карда, яке аз рукнҳои он гардид. Мутобиқи расму оини дини зардуштӣ Аҳурамаздо ба воситаи рӯшноӣ зоҳир мегардад.
Ориёиҳо яъне гузаштагони мо ҳангоме, ки худоро ибодат мекарданд, ба тарафи хуршед истода, ибодат менамуданд. Аммо агар шаб мехостанд, ки ибодат кунанд, рамзи хуршед оташ фурӯзон мекарданду ниёиш менамуданд.
Ҳаминро бояд қайд кард, ки ҷашни Садаро дар давлати Сомониён, Ғазнавиён ва дигар манотиқи ориёнишин бо як шукӯҳу шаҳомати махсус ҷашн мегирифтанд, ки нишонаҳои он то замони мо омада расидааст.
Ҳамин буд, ки пас аз Истиқлоли Тоҷикистон дар баробари ҷашнҳои Наврӯзу Меҳргон ба эҳёи ҷашни Сада таваҷҷӯҳи бештаре дода шуд. Дар Паёми солҳои пешин (26-уми декабри соли 2018) чунин омадааст. “Дар даврони истиқлолияти давлатӣ оину ҷашнҳои миллӣ ва арзишҳои фарҳангие, ки дар давоми асрҳо ягонагии маънавии мардумро ҳифз мекарданд, аз қабили Наврӯз, Меҳргон, Сада, Шашмақом, Фалак, атласу адрас, чакан ва монанди инҳо эҳё гардиданд”.
Ҳамчунин дар Паёми (26.01.2021) дар бораи ин ҷашнҳои аҷдодӣ чунин гуфта шудааст: “ Мо ифтихор дорем, ки Тоҷикистон, барҳақ, ватани Наврӯз, Сада, Тиргон ва Меҳргон аст. Ҳар кадоме аз ин ҷашнҳо таърихи беш аз 6000 – сола доранд.”
Метавон чунин гуфт, ки ҷашну оинҳои миллӣ ҳамеша дар зери нигоҳбонии сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад. Президенти кишвар кӯшиш ба он доранд, ки ин ҷашну оинҳо эҳё шаванд то ҷавонону наврасон аз он бохабар бошанд. “Вобаста ба ин, ба олимону донишмандон зарур аст, ки паҳлуҳои норавшан ва аҳамияти ин ҷашнро омӯзанд, арзишҳои онро ба мардум, хусусан ба наврасону ҷавонон ҳамчун мероси фарҳанги миллиамон ва омили худогоҳиву худшиносии наслҳо таблиғ намоянд”.
Ҳамасола дар кишвари маҳбубамон ин ҷашни фархунда дар таърихи 26 (30)-уми январ ҷашн гирифта мешавад.
Дар замони Истиқлолияти Тоҷикистон оид ба ҷашни Сада мақолаҳо, шеърҳо ва китобҳо нашр шуда истодаанд. Муҳаққиқон А. Раҳмонзода, Р. Аҳмадов, М. Ҳазратқулов, Р. Раҳмонӣ, Д. Раҳимов ва дигарон дар рисолаву мақолаҳои худ доир ба ин ҷашн андешаҳои худро баён намудаанд.
То Истиқлоли Тоҷикистон дар ашъори шоирони муосири тоҷик доир ба Наврӯзу баҳор шеърҳо ва сурудҳо меҳромез дида мешуд, аммо оид ба ҷашни Садаву Меҳргон ба ҷуз мисраву байте дар осори шоирон чизе дида намешуд.
Хушбахтона баъд аз Истиқлолияти кишвари азизамон, ба хусус пас аз эҳёи ҷашнҳои Сада ва Меҳргон шоирон дар ашъори худ кӯшиш намуданд моҳияти ин ҷашнҳоро дар раванди худшиносӣ нишон бидиҳанд.
Мисоли ин гуфтаҳо шеъри Муҳаммадалии Аҷамӣ шуда метавонад. Унвони ин шеър “Ғазали Сада” ном дорад, ки хело сода ва самимӣ суруда шудааст. Шоир зебоӣ ва назокати баҳорро аз Сада медонад, ки дар воқеъ ҳамин гуна аст:
Аз Сада бедор мегардад баҳор,
Аз Сада саршор мегардад баҳор.
Аз Сада сад рӯз ҳар гаҳ бигзарад,
Гулфишон такрор мегардад баҳор.
Давлатов Абубакр, омӯзгори ДДБ ба номи Носири Хусрав