(дар партави Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз28.12.2024)
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баъди ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ масъалаҳои эҳёи анъанаҳои миллӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатии Ҳукумати кишвар гардида, бо таваҷҷуҳи бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вусъат ва ривоҷу равнақи тоза гирифт.
Дар Паёми навбати хеш Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд намуданд, ки «Иқдомоти дар замони соҳибистиқлолӣ амалинамудаи Хукумати мамлакат ба рушди фарҳанг, ҳифзи меросу анъана ва суннату арзишҳои миллӣ ва дар натиҷа ба раванди болоравии сатҳи маънавиёти ҷомеа такони бузург бахшиданд. Дар робита ба ин, бори дигар таъкид мекунам, ки фарҳанг ҳастии миллат аст».
Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шарофати таҳкими Истиқлолият ва сулҳу субот тамоми рукнҳои давлатдории худро эҳё карда, бо фарҳанги волояш дар олам машҳур гаштааст. Либоспӯшии тоҷикон аз қадим аз дигар халқҳо фарқ дошт ва он ҷузъи таркибии фарҳанги миллӣ маҳсуб мешавад. Аз ин рӯ, риоя кардану аз бар намудани либосҳои миллӣ бояд барои ҳар соҳибватан шараф бошад. Инчунин донистани тарзи либоспӯшӣ ва риояи он дар муҳити атроф ба фарҳанги миллӣ таъсир расонида, сатҳи ҷаҳонбинӣ, маданият ва завқи зебоипарастии халқро ифода ва муаррифӣ менамояд. Ҳар шаҳрванди мамлакат бояд ба маданияти либоспӯшӣ диққати аввалиндараҷа диҳад; бо кадом либос ҳузур доштани худро дар хона, ҳавлӣ, атроф, ҷойҳои ҷамъиятӣ, корхонаву муассисаҳо, чорабиниҳои гуногун донад ва хешро бо тарзи дурусти либоспӯшӣ муаррифӣ намоядЛибоси миллӣ ҷузъи муҳими фарҳанг буда, сатҳи маданияту маърифати миллат дар он таҷассум мегардад. Аз ин рӯ, занону духтарони тоҷикро мебояд, ки ба анъанаҳои миллии либоспӯшӣ арҷ гузоранд ва аз тақлид ба фарҳанги бегона даст кашанд.
Тавре 9 марти имсол Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқот бо масъулини мақомоти ҳокимияти давлатӣ, намояндагони фаъоли ҷомеа, олимон ва ходимони дин иброз намуданд, «бегонапарастӣ дар сару либос, яъне пӯшидани либоси бегона бо номҳои сохтаи сатру ҳиҷоб дигар масъалаи мубрам барои ҷомеаи мо мебошад. Бегонашавии одоб ва расму ойини либоспӯшӣ – бегонашавии фарҳангӣ аст, ки истиқлоли фикрӣ, ҳувияти миллӣ ва фарҳангии миллатро халалдор месозад». Сарвари давлат ҳамзамон дар суханрониашон Кумитаи кор бо занон ва оиларо вазифадор намуданд, ки дар ҳамкорӣ бо тарроҳони ватанӣ тарҳҳои зебову гуногуни либоси миллиро мувофиқи ниёзҳои эътиқодиву ахлоқии занону хоҳарон ва модарони мо таҳия ва пешниҳод намоянд.
Бояд гуфт, ки таҳияи либоси тавсиявӣ-миллӣ барои ҳар шаҳрванд ба хотири имрӯзу фардои миллат ва пос доштану эҳтиром намудани рукну рамзҳои миллӣ муфид мебошад.
Ёдовар мешавем, ки бо мақсади риояи тарзи дурусти либоспӯшӣ ва тарғиби либосҳои миллӣ соли 2018 аз ҷониби Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дастурамали либосҳои тавсиявӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» таҳия гардид.
Пӯшидани либоси миллӣ шиддати воридшавии либосҳо ва фарҳанги бегонаро ба мамлакати мо паст менамояд. Волидайн ва тамоми ниҳодҳое, ки ба ин масъала вобастаанд, дар ҳамбастагӣ амал намуда, метавонанд дар шароити ҷаҳонишавӣ фарҳанги миллӣ ва нуфузи Тоҷикистонро ҳифз намоянд.
Бояд гуфт, ки тоҷикон давоми асрҳо офаридаҳои фарҳанги моддию ғайримоддиашонро аз насл ба насл ба мерос мегузоранд. Аз сарчашмаҳои таърихие, ки оид ба фарҳанги либоспӯшии мардуми тоҷик маълумот медиҳанд, бармеояд, ки тарзу намуди либоспӯшии занони тоҷик дар давраҳои гуногун вобаста ба тақозои замон, вазъи иқтисодию иҷтимоӣ ва идеологӣ инкишоф ёфтааст.
Дар шароити кунунӣ бо таъсири пешрафти техника ва технология, рушди истеҳсолот ва раванди ҷаҳонишавӣ дар анъанаҳои миллии либоспӯшӣ дигаргуниҳо ворид гардиданд. Вобаста ба ин масъала Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста зимни мулоқоту суханрониҳо таъкид менамоянд, ки бояд асолати суннатии фарҳанги либоспӯшии мардуми тоҷик нигоҳ дошта шавад.
Тавре ки Пешвои муаззами миллат таъкид менамоянд: «Моро зарур аст, ки ба зуҳуроти нангини бегонапарастӣ ҳар чи зудтар хотима бахшида, сару либосҳои миллии духтарону бонувонро бештар тарғиб намоем, пеши роҳи тақлиду таассуб ва зоҳирпарастиро гирем ва дар миёни занону бонувон корҳои фаҳмондадиҳиро вусъат бахшем».
Дар робита ба масъалаи мазкур ҷиҳати пешгирии ҷавонон аз тақлид ба фарҳанги бегона ва тарбияи онҳо дар руҳияи ватандӯстиву хештаншиносӣ лозим меояд, ки зимни баргузории машғулиятҳои тарбиявӣ, ба масъалаҳои арҷгузорӣ ба фарҳанги миллӣ, одоби пӯшидани сару либос ва риояи меъёри муқараргардидаи тартиби либоспӯшии донишҷён аҳамияти ҷидди дода, ба корҳои фаҳмондадиҳӣ тақвият бахшем, ҳамчунин дар ин замина дар замири онҳо фарҳанги либоспӯшии миллиро бедор намоем.
Ёдовар мешавем, ки тибқи дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хотири арҷ гузоштан ба фарҳанги миллӣ, анъанаҳои неки аҷдодӣ, махсусан либоси миллӣ, атласу адрас, чакан, баланд бардоштани фарҳанги либоспӯшӣ, таблиғу ташвиқи либоси миллӣ, аз байн бурдани тамоюли бегонапарастӣ ва ҳамзамон гузаронидани корҳои ободонию созандагӣдавоми соли равон дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ иқдоми «Тоҷикона мепӯшем!» амалӣ гардид.
Хушбахтона, дар давраи Истиқлолияти давлатӣ ба масъалаи мазкур Пешвои муаззами миллатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамоянд. Бо талошҳои пайвастаи он кас дар баробари расму оинҳои миллӣ ба масъалаи либос низ аҳамияти махсус дода шуд. Яке аз чунин либосҳо, ки бо он дар ҷаҳон халқи тоҷикро шинохтанд, чакани тоҷикӣмебошад.
Моҳи ноябри соли 2018 чакани тоҷикӣ ба феҳристи мероси ғайримодии ЮНЕСКО ворид шуда, дар арсаи ҷаҳон маъруф гардид. Гулдузиҳое, ки дар рӯйи нақши он оварда шудаанд, ифодагари мазмуну моҳияти ба худ хос мебошад.
Бо мақсади риояи «Дастурамали либосҳои тавсиявӣ барои хонандагону донишҷӯён ва омӯзгорони муассисаҳои таълимии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 01.06.2016, №237 аз ҷонии Шуъбаи тарбия, созмонҳои ҷамъиятӣ, садорати факултетҳо ва дигар сохторҳои донишгоҳ ҳамеша ба меъёри дурусти либоспӯшии донишҷӯён, омӯзгорон ва кормандон диққати ҷиддӣ дода, баҳри пешгирии ҳар гуна зуҳуроти бегона корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида, вобаста ба риояи тарзи дурусти либоспӯшӣ пайваста назорат мебаранд. Дастурамали мазкур тарҳи намунавии либосҳои донишҷӯёни донишгоҳро оид ба ҳар як фасли сол барои муаллимон, духтарон ва писарон муайян менамояд. Либосҳои намунавии донишҷӯӣ дар симои донишҷӯён ҳисси зебопарастӣ, озодагиро ҷой намуда, онҳоро водор месозад, ки хушбин ва бо интизом бошанд.
Масъалаи мазкур дар нақша – чорабиниҳои шуъбаи тарбияи донишгоҳ, ҷонишинони декан оид ба тарбия ва созмонҳои ҷамъиятии донишгоҳ тақсдиқгардида, пайваста корҳои фаҳмондадиҳӣ ва суҳбатҳои инфиродӣ бо донишҷӯён баргузор карда мешавад.
Риоя гардидани «Дастурамали либосҳои тавсиявӣ барои хонандагону донишҷӯён ва омӯзгорони муассисаҳои таълимии Ҷумҳурии Тоҷикистон» саривақтӣ ва муҳим буда, дар такмили тарбияи ахлоқӣ ва эстетикии онҳо нақши муҳим мебозад.
Шуъбаи тарбия дар доираи нақша – чорабиниҳои тарҳрезишуда, дастуру супоришҳои Вазорати маориф ва илм амал намуда, татбиқи онро дар рафти дарсҳои тарбиявӣ, мизҳои мудаввар, лексияву суҳбатҳо, вохўриву нишастҳо, чорабиниҳои фарҳангӣ, варзишӣ бо иштироки масъулини ташкилоту муассисаҳо, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дигар ниҳодҳо бо омӯзгорону донишҷўён ташкил ва баргузор менамоянд.
Нурализода Наргис – муовини ректор оид ба корҳои тарбиявии ДДБ ба номи Носири Хусрав
Набизода Эмомалӣ – мудири шуъбаи тарбияи ДДБ ба номи Носири Хусрав