Имрӯз, 28-уми январи соли 2025 дар толори маҷлисгоҳи Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав Шурои олимони донишгоҳ баргузор гардид. Дар Шуро Ректори донишгоҳ, профессор Қурбонзода Маҳмадалӣ Раҳмат, ҳайати профессорон, муовинони ректор, деканони факултетҳо ва дигар аъзои Шурои олимон иштирок намуданд.
Аз рӯйи масъалаи якуми рӯзномаи ҷаласа оид ба “Ҳолати феълии корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ ва илмӣ-методӣ дар факултетҳои математика ва информатика” гузориши раиси комиссия, мудири кафедраи биологияи умумӣ Назаров Тоҳирҷон” шунида шуд.
Дар асоси масъалаи дуюми рӯзномаи ҷаласа “Ҳолати иҷрои амалии нақшаи кории (инфиродии) омӯзгорони кафедраҳои донишгоҳ” аз ҷониби раиси комиссия, мудири кафедраи географияи иқтисодӣ ва методикаи таълими география Қувватов Файзиддин шунида шуд.
Инчунин вазъи корҳои таълиму тарбия ва илмӣ-таҳқиқотӣ дар докторантураи Phd аз рўйи ихтисос дар соли 2024 ва тасдиқи нақшаи фаъолияти он барои соли 2025 ҳисоботи мудири шуъбаи омодакунии кадрҳои илмӣ ва илмӣ-педагогӣ Шамсуллозода Холназар шунида шуда, мавриди баррасию муҳокимаи шурои олимон қарор гирифт.
Пас аз шунидани гузоришу ҳиосботи раисони комиссия, аъзои Шурои олимон вобаста ба масъалаҳои мавриди таҳлил қароргирифта мулоҳизаҳо баён доштанд. Таъкид гардид, ки натиҷаҳои нишондодашуда, собит менамоянд, ки кори кормандони донишгоҳ назаррас буда, дар самти корҳои таълим, илмӣ – таҳқиқотӣ бояд барномаю самтҳои фаъолиятро ҷоннок намоянд.
Дар масъалаҳои ҷории рӯзнома раиси Шурои олимони донишгоҳ, профессор Қурбонзода Маҳмадалӣ Раҳмат ба аъзои Раёсат ва Шурои олимон вобаста ба самтҳои корӣ дастуру супоришҳои мушаххас доданд.