Сада яке аз ҷашнҳои қадимаи мавсимии мардуми ориёинажод ба шумор меравад, ки он ба 10-уми Баҳмани солшумории шамсӣ ки мутобиқ ба шаби 30-юм ва рӯзи 31 – уми январ солшумории мелодӣ рост меояд, таҷлил мегардид. Сада пас аз 40 шабонарӯзи омадани Шаби Ялдо ё худ пас аз гузаштани чиллаи калони зимистон фаро мерасад.
Дар ин бора Пешвои Миллат Эмомалӣ Раҳмон дар навиштаи худ «Нигоҳе ба таърих ва тамаддуни ориёӣ», ишорати ҷолибе доранд, ки чунин аст: «Дар миёни қувваҳои сершумори бадӣ, дар дашту ҷангалҳои Осиёи Марказӣ, ки ҷони инсонро дар азоб ва ба таҳлука меандохт, бахусус хушкӣ ва торикӣ бисёр зиёновар буданд. Онҳо дарёфта буданд, ки бар зидди неруҳои номбаршудаи бадӣ, озар ё оташ ва раъду барқ муассир буданд. Бар зидди торикӣ бошад, Хуршед, чун унсури тавоно муқаддас дониста мешуд. Нисбат ҳамин аст, ки Хуршед дар миёни нажоди қавмҳои зиёди олами бостон ситоиш ва парастиш шудааст».
Сада моҳиятан пирӯзии рӯшноиро бар торикӣ ифода намуда, бо тантанаи оташафрӯзӣ омадани фасли баҳору муждаи Наврӯзро мерасонад. Ин ҷашнро барои он Сада меноманд, ки аслан аз шумораи сад гирифта шуда, то омадани Наврӯз 50 шабу 50 рӯзро фаро мегирад. Беҳуда нест, ки дар бузургдошти Сада шоири тавоно Фаррухӣ чунин овардааст:
Сада омад, ки туро мужда диҳад аз Наврӯз,
Мужда бипазиру бидеҳ хилъату кораш ба тироз.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон моҳи октябри соли 2017 ба Қонун “Дар бораи рӯзҳои ид” тағйирот ворид намуд, ки бар асоси он минбаъд иди Сада дар кишвар расман таҷлил карда мешавад. Тибқи сарчашмаҳои таърихи Ҷашни Сада ба муносибати аз хонаи зимистониаш убур намудани Хуршед ва ба баҳор майл кардани он ҷашн гирифта мешудааст. Шабу рӯзи зимистонӣ 21 декабр баробар мешавад ва ин ҳолати мусовӣ будани шабу рӯзи зимистонӣ то охири моҳи январ сурат мегирад.
Ҷашни Сада ба ягон дину мазҳаб рабт надорад. Ҳанӯз аз қадим мардуми тоҷик рӯзи ҷашни Сада болои теппаву кӯҳ ва ё бомҳо баромада, оташ меафрӯхтанд ва дар ҳалқаи ёру дӯстон назди оташи муқаддас суруду тарона хонда, аз ба поён расидани фасли сармо хушнудӣ мекарданд. Албатта, Сада мисли Меҳргон бештар ба шароити иқлимӣ ва кишоварзӣ алоқамандии бештар дорад. Бешак бисёриҳо вожаи «Сада»-ро аз шумораи «Сад» баргирифта медонанд. Абӯрайҳони Берунӣ дар «Осор-ул-боқия» чунин нигоштааст: «Сада гӯянд, яъне 100 ва он ёдгори Ардашери Бобакон аст». Тасвири баргузории ҷашни Садаро замони ҳукмронии Сомониёну Ғазнавиён дар асарҳои таърихӣ ва бадеӣ, махсусан дар қасидаҳо, мушоҳида кардан мумкин аст.
Ҷойи дигар Абӯрайҳони Берунӣ тарзи баргузории Садаро дар дарбори маликони замони худ чунин тасвир мекунад: «Оташ афрӯзанд, то шарри он (ҷаҳаннам) бартараф гардад ва гиёҳи хушбӯ табхир мекунанд, то масрафоти онро бартараф кунанд. Дар хонаи мулук расм шуда, ки оташ барафрӯзанд ва чун шуълавар гардад, ҷонварони ваҳширо ба оташ меандозанд ва мурғҳоро дар шуълаи он мепаронанд ва дар канори ин оташ менишастанд ва ба лаҳву лаъб машғул мешуданд». Бино ба тадқиқоти мардумшинос ва мутахассиси фолклор Равшан Раҳмонӣ таърихи нишонаҳои пайдоиши ҷашни Сада, ки марбут ба Хуршед ва тимсоли он оташ мебошад, хеле қадимӣ буда, ба замони пеш аз ориёӣ ва ҳатто аз он ҳам дуртар мерасад.
Доир ба Сада аввалин маротиб дар сарчашмаҳои фолклор ишора рафта ва тавассути ин сарчашма ба осори хаттӣ роҳ ёфтааст. Хеле муҳим аст, ки боварҳо ва нишонаҳои эътиқод ба Хуршеду оташ, ки сабабгори аслии ба вуҷуд омадани ҷашни Сада мебошад, то имрӯз дар байни мардумони гуногуни олам ба назар мерасад. Вале ба ҳар сурат пайдоиши ҷашни Сада ва устураҳои марбут ба он ба рӯшноӣ ва оташ вобаста мебошад ва аз таҳаввули ташаккули қавмҳои ориёӣ дарак медиҳанд, ки онҳо ин ҷашнро аз пешиниён гирифта, онро то рӯзгори мо расониданд. Агар аз ин нуқтаи назар ба ҷашни Сада наздик шавем, нахуст аз ҳама моҳияти хуршед, рӯшноӣ ва оташ пеши назар меоянд, ки ҳар кадомаш ба ҳаёти инсон ва табиат вобастагии хос доранд. Ба ҳамагон маълум аст, ки маҳз ба воситаи рӯшноии Хуршед тамоми мавҷудоти олам зинда аст ва ҳаракат мекунад.
Вожаи Сада дар забони авастоӣ ба маънои «баромадан ва тулуъ кардан»-ро доро будааст. Дар забонҳои эронии бостон ба гунаи «sadok» ва дар форсии миёна ба гунаи «sadag» будааст. Донишманди маъруф Ҳошими Ризоӣ дар бораи вожаи сада менависад, ки: «Сада вожаи форсӣ аст. Дар паҳлавӣ ба ин шакл: сат [sat], сатаг [satag], садҳаг [sadhag], садҳ [sadh], сата [sata] истифода мешуд. Дар форсии миёна ва бостон вожаи сата [sata] ба маънии сад, адади сад мебошад.
ИЗАТУЛЛОЗОДА Қ.И., омӯзгори кафедраи Химияи умумӣ ва
ғайриорганикии факултети Химия ва Биологияи ДДБ ба номи Носири Хусрав