Имрӯз, 29-уми январи соли 2025 дар Литсейи назди Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав дарси кушоди омӯзгори литсей Давлатова Раҷабмоҳ дар мавзуи “Ҳаёт ва фаъолияти Ҳофизи Шерозӣ” бо хонандагони синфҳои 6-ум доир гардид.
Дар рафти дарси кушод директори литсейи Нориён Зарина ва дигар омӯзгорон иштирок доштанд.
Машғулиятро омӯзгор бо усулҳои нави таълим гузаронида, ба хонандагон оид ба ҳаёт ва фаъолияти шоири ғазалсаро Ҳофизи Шерозӣ изҳори андеша намуд.
Сипас, аз ҷониби хонандагон аз осори Ҳофизи Шерозӣ порчаҳои назмӣ қироат намуданд.
Ҳамчунин аз ҷониби онҳо ба иштирокчиёни дарси кушод порчае аз ҳаёти Ҳофизи Шерозӣ саҳначаи бадеӣ пешкаш намуданд.
Дарс бо усулҳои фаъоли таълим ва бо имконияти айёниятҳову шиору овезаҳо оид ба ҳайёту фаъолияти Ҳофизи Шерозӣ гузаронида шуд, ки хонандагон аз он бардошти хубе намуданд.
Дар охир директори литсейи ба сухан баромада, барои гузаронидани чунин дарси пурмуҳтаво изҳори миннатдорӣ баён намуданд.
Таъкид гардид, ки гузаронидани чунин дарсҳои кушод василаи хуби мустаҳкам намудани дониш ва шавқи хонандагон ба дарсҳо мебошад.