Дар факултети таърих ва ҳуқуқи Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав тибқи нақшаи кории раёсати таҳсилоти донишгоҳ конференсияи ифтитоҳии таҷрибаомӯзӣ – педагогии донишҷӯёни курсҳои 3-юм ва 4-ум баргузор гардид.
Дар конференсияи мазкур мудири таҷрибаомӯзии донишгоҳ, дотсент Ҳасанов Шуҳрат, роҳбари таҷрибаомӯзии педагогии донишгоҳ Холматов С., мудири кафедраи методикаи таълими таърих ва ҳуқуқ, дотсент Садриддини А., муовини декан оид ба таълим Муҳаммадзода Б., роҳбари таҷрибаомӯзии факултет Қаландаров С., мушовирони таҷрибаомӯзӣ ва дигар устодон иштирок доштанд.
Гуфта шуд, ки донишҷӯён дар раванди таҷрибаомӯзӣ донишҳои назариявии хешро дар амал татбиқ менамоянд. Ҳамчунин мушовирони таҷрибаомӯзии донишгоҳ ва факултет ба донишҷӯёне, ки сафарбар гардидаанд, тавсияҳои методӣ доданд.