Имрӯз, 30 – юми январи соли 2025 дар толори китобхонаи Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав вохӯрӣ, бо мутахассисони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон доир гардид.
Дар вохӯрӣ, муовинони ректор оид ба илм ва инноватсия, дотсент Сафарбекзода Ҳукмиддин, оид ба тарбия Нурализода Наргис, оид ба иқтисод Кибориён Бобоҷон, Сарнозири шуъбаи муқовимат бо коррупсия, майори адлия Қурбонзода Манучеҳр Мусо, профессорон, деканони факултетҳо, мудирони кафедраҳо ва омӯзгорону донишҷӯён иштирок намуданд.
Нахуст, муовини ректор оид ба илм ва инноватсия, дотсент Сафарбекзода Ҳукмиддин баромад намуда, роҷеъ ба амалҳои коррупсионӣ ва дигар амалҳои марбут ба ин самтро шарҳу тавзеҳ доданд.
Изҳор дошт, ки чунин вохӯриҳо ба пойдории арзишҳои миллӣ, баланд бардоштани сатҳи донишҳои ҳуқуқӣ ба манфиати кор хоҳад буд.
Инчунин сарнозири шуъбаи муқовимат бо коррупсия, майори адлия Қурбонзода Манучеҳр Мусо баромад намуда, оид ба масъалаҳои меъёрҳои ҳуқуқӣ, омилҳои даст задан ба амалҳои коррупсионӣ, тибқи муқаррароти қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон “Қонун дар бораи мубориза бар зиди коррупсия” ва дигар ҷанбаҳои онро ба ҳозирин шарҳу тавзеҳ доданд.
Дар вохӯрӣ таъкид гардид, ки мубориза бар зидди коррупсия танҳо вазифаи мақомоти зиддикоррупсионӣ набуда, балки муборизаи дастаъҷамъона мебошад. Аз ин рӯ, ҳар як шаҳрванди ҷумҳуриро зарур аст, ки баҳри мубориза бар зидди ин падидаи номатлуби рӯз дар ҳамкорӣ бо мақомотҳои дахлдор ҳиссаи сазовори худро гузоранд.
Дар охир иштирокчиён ба саволҳои худ роҷеъ ба амалҳои коррупсионӣ, андешаҳои худро баён намуданд.