Дар факултети менеҷмент ва идораи сайёҳии Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав тибқи нақшаи раёсати таҳсилот конфренсияи сафарбаркунии донишҷӯёни курсҳои 4-и ихтисоси география-демография, география ҳифзи табиат ва география асосҳои иқтисодиёт баргузор гардид.
Дар конфренсия мудири шуъбаи таҷрибаомӯзии донишгоҳ, дотсент Ҳасанов Ш.Р., роҳбари таҷрибаи педагогии донишгоҳ, Холматов С., декани факултет Раупов Ҷ.У., мудири кафедраи географияи иқтисодӣ ва МТГ н.и.г. Қувватов Ф.М. ва роҳбари таҷрибаомӯзии педагогии факултет Лутфуллоев А.С. ва мушовирони он иштирок намуданд.
Гуфта шуд, ки таҷрибаомӯзӣ ин зинаи аввали фаъолияти педагогии донишҷӯён маҳсуб ёфта, онҳо метавонанд баъд аз таҷрибаомӯзӣ чун мутахассисони оянда дар соҳаи худ фаъолият намоянд.