Санаи 21-уми сентябр дар Маркази табодули академӣ, шаҳраки Венчуан Донишгоҳи омӯзгории Шинҷон, шаҳри Урумчии вилояти автономии Шинҷон-Уйғури Ҷумҳурии Халқии Чин конференсияи байналмилалӣ дар мавзӯи “Мубодилаи дуҷонибаи Чин ва Тоҷикистон дар заминаи ислоҳот ва рушди таҳсилоти олӣ”, баргузор гардид.
Дар конференсияи мазкур устодони Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав, дотсентон Ҳамдамзода Хурсанд Акбар ва Тоҳирҷонов Беҳруз Тоҳирҷонович иштирок варзиданд. Устод Ҳамдамзода Хурсанд Акбар дар мавзӯи “Наука и образование – мост сотрудничества между Таджикистаном и Китаем”- «Илм ва маориф-пули ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Чин» маърӯза намуд.
Ҳамчунин дар идомаи конференсияи муҳлати кӯтоҳтарин оид ба бастани шартномаи ҳамкорӣ ва мубодилаи дарозмуддат, таҳқиқоти якҷояи илмӣ ва омода намудани кадрҳои баландихтисос байни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав ва Донишгоҳи омӯзгории Шинҷони Ҷумҳурии Халқии Чин гуфтушунид барои табодули таҷриба миёни устодону донишҷӯён намуданд.