БАРГУЗОРИИ МАҲФИЛИ “РӮЗНОМАНИГОРОНИ ҶАВОН”-И НАЗДИ КАФЕДРАИ РӮЗНОМАНИГОРӢ
Имрӯз, 23-юми сентябр тибқи нақша маҳфили “Рӯзноманигорони ҷавон”-и назди кафедраи рӯзноманигории факултети филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав бо иштироки декани факултет, номзади илмҳои филологӣ, Ҳакимов Саъдулло, мудири кафедра, дотсент, Шарипов Сангимурод ва дотсенти кафедра Маҳкамзода Дилором, роҳбари маҳфил, омӯзгор Иззатуллоева Дилбар ва дигар устодону донишҷӯён баргузор гардид.
Нахуст кори маҳфилро мудири кафедра, дотсент Шарипов С. ифтитоҳ намуда, иброз дошт, ки ҳоло дар назди кафедра ду маҳфили илмӣ-эҷодӣ амал мекунад, ки дар асоси нақшаи корӣ фаъолият дошта, масъалаҳои гуногуни журналистика ва тарҷумониро баррасӣ мекунанд. Сипас, декани факултет номзади илмҳои филологӣ, Ҳакимов С. оид ба шароиту ғамхориҳои муҳайё намудаи давлату ҳукумат барои ҷавонон ҷиҳати илмомӯзиву касбазхудкунӣ ҳарф зад.
Дотсенти кафедраи рӯзноманигорӣ Маҳкамзода Д. бошад дар схунронии худ, зикр дошт, ки яке аз роҳҳои ташаккули маҳорати эҷодии донишҷӯён – ин иштирок дар маҳфилу чорабиниҳои илмиву фарҳангӣ ва эҷодӣ мебошад.
Роҳбари маҳфили “Рӯзноманигорони ҷавон”, омӯзгор Иззатуллоева Д. роҷеъ ба масъалаҳои муҳокимашаванда дар нақшаи кории маҳфил сухан намуда, гуфт, ки имрӯз “Инъикоси суханронии Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бахшида ба “Рӯзи дониш ва дарси Сулҳ” дар воситаҳои ахбори омма” пешбинӣ шудааст, мавриди омӯзишу татбиқ қарор хоҳад гирифт.
Донишҷӯён ва аъзои фаъоли маҳфили “Рӯзноманигорони ҷавон” Дилнозаи Орзумамад ва Давлатов Аминҷон бо маърӯзаҳои илмиву эҷодии худ баромад намуданд. Дар охир гуфта шуд, ки дар оянда ба маҳфил рӯзноманигорони касбӣ ва соҳибмактаб давъват карда мешаванд то онҳо аз таҷрибаи худ барои мову шумо қисса намоянд.