Имрӯз, 21 –уми сентябр тибқи нақшаи кории кафедраи фаъолияти бонкии факултети молиявию иқтисодии Донишгоҳи давлатии Бохтар ба Номи Носири Хусрав дарси кушод аз ҷониби мудри кафедраи фаъолияти бонкӣ номзади илмҳои иқтисодӣ, Мирализода Зафар дар мавзуи “Системаи воситаҳои сиёсати пулию қарзӣ” баргузор гардид.
Дар он муовини декани факултет оид ба илм ва инноватсия н.и.и, Султонов Мусулмон ва мудири кафедраи назарияи иқтисод, номзади илмҳои иқтисодӣ Расулова Давлатмоҳ инчунин дигар омӯзгорон низ иштирок доштанд.
Аз ҷониби устодон гуфта шуд, ки мавзуи дарс аз лиҳози мубрамият муҳим буда, барои донишҷӯён дар оянда самтҳои самарбахшии қарзиро дар сиёсати пулӣ мусоидат мекунад.
Мавзуи “Системаи воситаҳои сиёсати пулию қарзӣ” ин фаъолияти ҳар як иқтисодчии ояндаро барои муайян намудани сиёсати пулии берун аз кишварро муайян намуда, қурб ва пули миллиямонро дар арсаи ҷаҳон чун сиёсати иқтисодӣ муаррифи мекунад. Дар ҷараёни дарс донишҷӯён фаъол буданд, ки ин аз фаъолияти хуби маҳорати педагогии устод дарак медод.
Гуфта мешавад, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳон ҳамчун ташабускор дониста шуда, барои беҳдошти иқтисоди ҷаҳонӣ аз ҷумла иқтисодиёти сабз низ саҳмгузор аст.